Иқтидори электрӣ
Иқтидори электрӣ — корест, ки ҷараёни электрӣ дар воҳиди вақт анҷом медиҳад.
Иқтидори электрӣ дар занҷири ҷараёни электрии доимӣ ба ҳосили зарби шиддати электрӣ U (бо волтҳо) ба қувваи ҷараён I (бо амперҳо) баробар мебошад. Дар занҷири ҷараёни тағйирёбанда иқтидори лаҳзаӣ, фаъол, реактивӣ ва пурраро фарқ мекунанд. Иқтидори электрии лаҳзаӣ ба ҳосили зарби қиматҳои лаҳзаии U ва I баробар аст. Иқтидори электрии фаъол қимати дар як давраи муайяни вақт миёнаи иқтидори лаҳзаии ҷараёни тағйирёбанда мебошад; суръати табдили энергияи электриро ба намуди дигари энергия (масалан, ба энергияи ҳароратӣ, рӯшноӣ, механикӣ) тавсиф медиҳад. Дар занҷирҳои ҷараёни якфазаӣ (синусоидӣ) иқтидори электрии фаъол P = UIcosφ, барои ҷараёни сефазаӣ P = 3 – √ UIcosφ мебошад. Дар ин ҷо U ва I – қиматҳои ҷории (миёнаи квадратӣ дар як давра)-и шиддат ва қувваи ҷараён, φ – кунҷи ғеҷиши фазаҳои байни I ва U. Иқтидори электрии фаъолро тавассути I ё U ва муқовимати фаъоли занҷири электрӣ r ё ноқилият G бо формулаи P = I2r = U2G ҳисоб кардан мумкин аст. Дар занҷири электрии дилхоҳ иқтидори электрии фаъол ба ҳосили ҷамъи иқтидорҳои қитъаҳои алоҳидаи занҷир баробар аст. Воҳиди иқтидори электрии фаъол – ватт. Иқтидори электрии реактивӣ суръати ҷамъшавии энергияро дар конденсаторҳо ва ғалтакҳои индуктивият, инчунин мубодилаи энергияро дар байни қитъаҳои занҷири электрӣ (аз ҷумла, байни генератор ва қабулкунак) тавсиф медиҳад. Дар занҷирҳои ҷараёни синусоидӣ иқтидори электрии реактивӣ Q = UIsinφ аст. Воҳиди иқтидори реактивӣ – вар. Иқтидори электрии пурра иқтидореро тавсиф медиҳад, ки ба занҷир манбаи ҷараёни тағйирёбанда медиҳад. Барои занҷирҳои ҷараёни тағйирёбанда (синусоидӣ) иқтидори пурра бо иқтидори электрии фаъол ва реактивӣ бо таносуби S = √P2 + Q2 = UI мебошад. Воҳиди иқтидори электрии пурра – волт-ампер (В•А). Барои занҷирҳои ғайрисинусоидӣ иқтидори электрӣ ба ҳосили ҷамъи миёнаи иқтидорҳои ҳармоникҳои алоҳида баробар аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Иқтидори электрӣ // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.