Иқтисодиёти иттилоотӣ
Иқтисодиёти иттилоотӣ — марҳалаи рушди иқтисодиёт ва ҷомеа, ки дар он нақши баланди иттилоот ҳамчун омили истеҳсолот ва натиҷаи фаъолияти истеҳсолӣ тавсиф мешавад.
Дар қиёс бо марҳалаи аграрии инкишофи иқтисодиёти ҷаҳон, ки дар он омилҳои асосии истеҳсолот имконияти ҷисмонии инсон, олоти дастии меҳнат ва омили табиӣ буданд, инчунин аз марҳалаи саноатӣ, ки ба ин омилҳо мошинҳо ва қувваи энергетикӣ илова шуданд. Дар Иқтисодиёти иттилоотӣ дар тамоми зинаҳои истеҳсолот ва идоракунӣ иттилоот ва технологияҳои иттилоотӣ нақши асосиро мебозанд. Ҳангоми инкишофи мувофиқи қувваҳои истеҳсолкунанда иттилоот, бахусус шакли олии он – дониш, яъне иттилои ҷамъбастшуда, марказонидашуда, даркшуда ва дар ҷомеа санҷидашуда аз омили ғайриасосӣ ба натиҷаи асосии истеҳсолот табдил меёбад, ҳатто агар сухан дар бораи истеҳсоли арзишҳои моддӣ равад.
Бархилофи мубодилаи моддӣ (дар иқтисоди кишоварзӣ) ва энергетикӣ (дар иқтисодиёти саноатӣ) байни вакилон (агентҳо) мубодилаи иттилоотӣ бо мусодираи пурраи неъматҳои иттилоотӣ аз соҳиби аввала ба итмом намерасад, агарчи арзиши ин неъматҳо барои соҳиби пештара метавонад пасттар гардад. Чунки истеҳсоли ҳар як воҳиди нави иттилоотӣ иттилооти навро ба вуҷуд меорад, вале иттилооти мавҷударо зиёд намекунад ва «беназирии» намуди моли муайян бо афзоиши истеҳсоли он паст намегардад. Мавҷудияти захираи иттилоотӣ дар муассисаҳо омили асосии ташаккули афзалияти рақобатӣ ва рақобатпазирии онҳо мебошад.
Иттилоот сарчашмаи асосии на танҳо фаъолияти истеҳсолӣ, балки фаъолияти содиротӣ низ мегардад, чунки ҷустуҷӯи шарикон, бастани созишномаҳо ва назорати риояи шартҳои иҷроиши онҳо миқдори зиёди иттилоотро талаб мекунад. Ин ба созишномаҳо ҳам дар соҳаи неъматҳои моддӣ ва ҳам дар соҳаи мубодилаи иттилоотӣ тааллуқ дорад. Иттилоъ, бахусус дониш, на танҳо бо мақсади истифодабарии бевоситаи баъдӣ, балки бо мақсади тезавратсия (захира кардани арзишҳо) ба мудрак (объект)-и маблағгузорӣ табдил меёбад. Дар ҷомеаи иттилоотӣ иттилоот дар таҳкими ҷомеа, ҳифз, тадовим ва беҳбуди ниҳодҳои ҷамъиятӣ нақши муҳим мебозад.
Дар баробари дигаргуншавии муносибат ба иттилоот дар марҳалаи иттилоотии рушди иқтисодиёт муносибат ба корманд ва кормандон ҳамчун ҳомилони потенсиалӣ ё воқеии иттилооти беназир тағйир меёбад, чунки ба коргар ё кормандони дигар додани иттилооти лозима барои фаъолияти муваффақонаи корхона дар муҳити рақобатӣ ғайри имкон аст. Ин ҳолат корхонаро водор месозад, ки низоми интихоб, ҷобаҷогузорӣ ва озод кардани кормандонро дигар карда, маблағгузориро дар сармояи инсонӣ (ҷамъи дониш, маҳорат, малакаи андӯхтаи инсон, ки барои қонеъ гардондани талаботи худ ва ҷомеа истифода мебарад) амалӣ кунад.
Иқтисодиёти иттилоотӣ 6 қисми ҷаҳонро фаро гирифтааст: соли 2016 дар ҷаҳон 3,5 млрд нафар ба Интернет дастрасӣ доштанд. Қисми асосии корбарони Интернет ба мамлакатҳои рӯ ба рушд (2,5 млрд нафар) ва мамлакатҳои рушдёфта (1 млрд нафар) рост меояд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Иқтисодиёти иттилоотӣ // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.