Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Иқтисодиёти кишоварзӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Иқтисодиёти кишоварзӣ — соҳаи илми иқтисод, ки кишоварзиро ҳамчун соҳаи комплексии истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ меомӯзад.

Мувофиқи нақшаи кооперативии В. И. Ленин дар давраи тайёрӣ ва ба коллективҳои калони истеҳсолии сотсиалистӣ табдил додани хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ ба вуҷуд омадааст. Иқтисодиёти кишоварзӣ хусусиятҳои хосси истеҳсолот, такрористеҳсол ва андухт дар кишоварзӣ, интенсивонии кишоварзӣ ва низоми сотсиалистии кишоварзиро меомӯхт. Мавзӯъ (объект)-и омӯзиши Иқтисодиёти кишоварзӣ замин – воситаи асосии истеҳсолот дар соҳаи кишоварзӣ ва роҳҳои истифодаи самараноки он, аз ҷумла фондҳои замини ИҶШС, сохтор ва таснифоти онҳо, пойгоҳи моддӣ-техникӣ ва рушди техникӣ дар кишоварзӣ, фондҳои асосӣ ва гардон, меҳнат ва маҳсулнокии он, ҷобаҷогузорӣ ва махсусгардонии истеҳсолот дар кишоварзӣ, арзиши аслӣ, нарх ва нархгузорӣ дар кишоварзӣ, фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва нақши муносибатҳои молию пулӣ, ҳисоби хоҷагӣ ва ғ. буданд. Соҳаи махсуси Иқтисодиёти кишоварзӣ масъалаҳои саноатикунонии кишоварзӣ ва ба асосҳои саноатӣ гузаронидани он буд. Ташкили муассисаҳои кишоварзӣ (колхозҳо ва совхозҳо, истеҳсолоти байниколхозӣ, комплексҳои агросаноатӣ ва ғ.) қисмҳои Иқтисодиёти кишоварзӣ ҳисоб мешуданд.

Асоси иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳоло ба ҷои низоми куҳнаи маъмурии фармондиҳӣ низоми нави аз ҷиҳати илмӣ асосноки рушди соҳаҳои кишоварзӣ – иқтисодиёти миллии «нав»-и бозаргонӣ ташкил медиҳад. Таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), соҳибкорӣ дар деҳот, инкишофи соҳаҳои анъанавии иқтисодиёти деҳот, шаклҳои фаъолияти оилавӣ, шахсӣ, гурӯҳӣ ва муҳайё кардани шароити мусоид барои тухмипарварӣ омилҳои рушди устувори иқтисодиёти миллӣ мебошанд. Вазифаҳо ва ҳадафҳои Иқтисодиёти кишоварзӣ:

– гузариши воқеӣ ба хоҷагии кишоварзии нав, ки рушди шаклҳои гуногуни ташкили меҳнат ва истеҳсолот, бунёди иқтисодиёти самарабахши серсоҳа, таҳияи тамсилаи нави аз ҷиҳати илмӣ асосноки рушди кишоварзиро тақозо мекунад;

– ташкил ва тараққӣ додани шаклҳои нави заминистифодабарии «кӯҳӣ», «лалмӣ», «наздикӯҳӣ», «водигӣ» мутобиқ бо манфиатҳои ҷумҳурӣ ва минтақаҳои он;

– комилан беҳтар кардани вазъи тухмипарварии ватанӣ, селексияи рустаниҳо, рӯёндани зотҳои нави чорво ва паранда, ки ба хусусиятҳои ҷумҳурӣ ва таҷрибаи аҳолии деҳот мутобиқат мекунад;

– ҷорӣ кардани сиёсати нави «микроиндустрикунонӣ» ва «микробарқикунонӣ»-и Иқтисодиёти кишоварзӣ (иқтисодиёти деҳот ва ҳудудҳои он);

– мустаҳкам кардан ва инкишоф додани пойгоҳи моддию техникии хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва тамоми Иқтисодиёти кишоварзӣ;

– бунёди корхонаҳои хурд, миёна ва муштарак, ки маҳсулоти хоҷагии кишоварзиро дар маҳалҳо коркард мекунанд; – инкишоф додани соҳаҳои зерсохтории иҷтимоии деҳа;

– истифодаи оқилонаи ёрии сармоягузорони хориҷӣ;

– дастгирӣ ва ёрии мақсадноку самарбахши давлатӣ бо мақсади рушди устувор ва фаъолияти шаклҳои гуногуни моликият, шаклҳои хоҷагидорӣ дар сохтори иқтисодиёти миллӣ;

– фароҳам кардани муҳити рақобатпазир дар истеҳсолот, коркард, бандубаст ва таҳвили маҳсулоти кишоварзии ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ дар байни хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳибкорони кишоварзӣ, хоҷагиҳои даромаднок бо мақсади дастгирии аҳолии қобили меҳнат ва давомнокии он;

– ташкили табақаҳои «нав»-и қувваҳои миллии истеҳсолӣ, шаклу усул ва роҳҳои тараққиёти устувори онҳо, аз ҷумла иқтисодиёти миллӣ, фарҳанг, илм ва дигар муаммоҳои ҷомеа;

– дарёфти роҳу усулҳои берун кашидани ҷумҳурӣ аз минтақаи ёрии башардӯстона ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар тамоми минтақаҳои он.

Низоми нави аз ҷиҳати илмӣ асоснокшудаи рушди соҳаи кишоварзӣ мисли пештара зироаткорӣ ва чорводорӣ мебошад, ки ҳар яке аз он қисмҳои асосии худ – техника, технология ва масъалаҳои ташкилию иқтисодии худро доранд. Қисми асосӣ ва муайянкунандаи ин низом тарзи истеҳсолот ба ҳисоб меравад: хоҷагиҳои давлатӣ, хусусӣ, оилавӣ, оилавию гурӯҳӣ, деҳотию наздиҳавлигӣ, деҳқонӣ, кооперативию омехта, соҳибкорӣ, тиҷорати аграрӣ, сайёҳии аграрӣ, шаклҳои гуногуни фаъолияти соҳибкорӣ, соҳаҳои анъанавию иқтисодӣ, ки барои маҳалҳо хос аст (бузпарварӣ, қутоспарварӣ, асппарварӣ, занбӯрпарварӣ, намудҳои гуногуни ҳунармандӣ ва ғ.).

Ҳоло масъалаҳои Иқтисодиёти кишоварзӣ дар алоқамандӣ бо илмҳои агрономӣ – талаботи агротехника, хокшиносӣ, мелиоратсия, кимиёикунонӣ, агробиологӣ, генетика ва зоотехникӣ омӯхта мешаванд. Иқтисодиёти кишоварзӣ масъалаҳои баҳодиҳии иқтисодии замин ва тафриқаи низоми нархҳо ба маҳсулоти кишоварзӣ, баробаркунонии шароити фаъолияти ташкилотҳои кишоварзиро, ки дар минтақаҳои гуногуни иқтисодӣ ва табиӣ ҷойгиранд, таҳқиқ мекунад. Оид ба масъалаҳои Иқтисодиёти кишоварзӣ Институти иқтисодии кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таҳқиқот анҷом медиҳад, ки дар маҷ. «Иқтисод, ташкил ва идоракунӣ дар комплекси агросаноатии Тоҷикистон» ба табъ мерасанд.