Иқтисодиёти нақлиёт
Иқтисодиёти нақлиёт — соҳаи илми иқтисод, ки қонуниятҳои рушд ва фаъолияти нақлиётро ҳамчун соҳаи махсуси истеҳсолоти моддӣ меомӯзад.
Иқтисодиёти нақлиёт иқтисодиёти нақлиёти роҳи оҳан, баҳрӣ, дарёӣ, автомобилӣ, ҳавоиро дар бар гирифта, хусусиятҳои техникию иқтисодии ҳар як намуди нақлиётро ҳамчун қисми таркибии шабакаи ягонаи нақлиётӣ баррасӣ мекунад, инчунин ташкили идора, қоида ва усулҳои интихоби қарорҳои муносиби техникӣ ва ташкилотӣ, иқтисодиёти ҳамлу нақли бор ва мусофирон, корҳои истифодабарӣ, самаранокии рушди пойгоҳ (база)-и моддӣ-техникӣ, ташкили илмии меҳнат ва музди меҳнат, дараҷа (категория) ва усулҳои баҳисобгирии хароҷот ва самарабахшии фаъолияти нақлиётро меомӯзад. Иқтисодиёти нақлиёт бо илмҳои банақшагирии хоҷагии халқ, иқтисодиёти саноат, кишоварзӣ, меҳнат, омор, ҷуғрофиёи иқтисодӣ ва илмҳои техникӣ алоқаманд аст. Тавсияҳои илмии иқтисодиёти нақлиёт оид ба такмили робитаҳои нақлиётӣ ҳангоми ҳалли вазифаҳои муҳимми хоҷагии халқ, ба мисли ҷобаҷогузории дурусти истеҳсолот дар ҳудуди кишвар, интихоби ҳаҷми мувофиқи корхонаҳо, асосҳои иқтисодии махсусгардонӣ ва муттаҳидкунии истеҳсолот ба таври васеъ истифода бурда мешаванд. Иқтисодиёти нақлиёт ба такмили низоми моддӣ-техникии хоҷагии халқ, таъмини пурраи талаботи аҳолӣ ба ҳамлу нақл, кам кардани талафи маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ дар раванди ҳамлу нақл мусоидат мекунад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Иқтисодиёти нақлиёт // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.