Иқтисодиёти савдо
Иқтисодиёти савдо — соҳаи илми иқтисод, ки қонунмандиҳои рушди савдои молҳои мавриди ниёзи мардумро ҳамчун яке аз шаклҳои муносибатҳои молӣ таҳқиқ мекунад.
Иқтисодиёти савдо таъсири савдо ба истеҳсолот, талаботу пешниҳод ба мол, таносуби байни афзоиши ҳаҷми гардиши мол ва рушди замина (база)-и моддӣ-техникии савдо, робитаи мутақобилаи байни ҳаҷми захираҳои молӣ, суръати гардиши мол ва ҳаҷми он, инчунин сохтори навъии гардиши молро меомӯзад. Иқтисодиёти савдо барои иҷрои вазифаҳои баланд бардоштани самарнокии истеҳсолоти ҷамъиятӣ, ворид намудани усулҳои илмии хоҷагидорӣ ва беҳтар кардани хидматрасонӣ ба аҳолӣ масъалаҳои идоракунию банақшагирӣ ва ҳавасмандгардонии иқтисодӣ дар савдоро таҳқиқ мекунад. Иқтисодиёти савдо дар шароити сотсиализм масъалаҳои такмили банақшагирии ҷорӣ ва оянда, ҳавасмандгардонии иқтисодӣ дар ҳама зинаҳои соҳаи савдо, муайян кардани ҳаҷм ва сохтори истеъмолоти аҳолӣ, усулҳои баҳодиҳии талаботи қобили пардохт будани аҳолиро, ки дар асоси маълумоти даромади гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ ба даст меомад, омӯхта, методологияи илмии банақшагирии гардиши мол, такмил ва ҷобаҷогузории захираҳои молиро таҳия мекард, инчунин роҳҳои сарфаи меҳнати зинда ва меҳнати ба мол табдилёфтаро дар соҳаи мубодила, захира ва имкониятҳои баланд бардоштани самарнокии истифодаи фондҳои асосӣ ва гардони савдоро пайдо менамуд.
Иқтисодиёти савдо бо якчанд илми дигар, аз ҷумла банақшагирии кишоварзӣ, баҳисобгирии муҳосиботӣ, таҳлил, маркетинг, менеҷмент, молия, ҷуғрофияи иқтисодӣ, омор, иқтисодиёти саноат, иқтисодиёти нақлиёт, ташкили савдо, асосҳои идоракунии савдо ва ғ. робитаи зич дорад.
Ҳоло давлатҳои ИДМ ба иқтисоди бозорӣ рӯ овардаанд ва фаъолияти бозор озод эълон шудааст. Дар Тоҷикистон танзиму идораи соҳаи тиҷорат ба зиммаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шудааст. Усули таҳлил, мавқеи тиҷорат дар низоми умумии хоҷагии халқ, банақшагирӣ ва идораи нишондиҳандаҳои асосии миқдорӣ ва сифатии фаъолияти хоҷагидории савдо ва муассисаҳои он: муомилот, захираҳои мол, даромад, хароҷот, фоида, захираҳои меҳнатӣ, моддӣ ва молиявӣ масъалаҳои муҳимми иқтисодиёти савдо ба ҳисоб мераванд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Иқтисодиёти савдо // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.