Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Иқтисодиёти саноат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Иқтисодиёти саноат — соҳаи илми иқтисод, ки саноатро ҳамчун низоми томи соҳаҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳо (иттиҳодияҳо)-и ба ҳам алоқаманд меомӯзад.

Иқтисодиёти саноат шаклҳои зоҳиршавии объективии қонунҳои иқтисодиро дар саноат омӯхта, низом ва усулҳои хоҷагидориро бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ, сифат, нишондиҳандаҳои кори ҳама соҳаҳо ва бандҳои истеҳсолоти саноатӣ таҳия мекунад. Иқтисодиёти саноат иқтисодиёти соҳаҳои гуногун (коркарди ангиштсанг, нафт, истихроҷи газ, саноати сабук, кимиё, хӯрокворӣ, барқ, металлургия, мошинсозӣ ва ғ.)-ро дар бар мегирад, ки ҳар кадоми онҳо хусусиятҳои иқтисодии таъйиноти маҳсулот, асос (база)-и моддӣ-техникӣ, ҳайати коргарон, робитаҳои байнисоҳавӣ ва тафовутҳои соҳавӣ дар сохтори фондҳои асосӣ ва гардон, хароҷоти истеҳсолот, навъи корхона (вобаста ба ҳаҷм, дараҷаи тахассуснокӣ ва ғ., ҷойгиршавӣ дар ҳудуди кишвар, вобаста ба хусусияти ташкили меҳнат ва истеҳсолот)-ро таҳқиқ мекунанд. Вобаста ба мушкил будани фаъолияти истеҳсолӣ-хоҷагидорӣ дар ташкилотҳои саноатии муосир иқтисодиёти ташкилот ҳамчун фанни илмии алоҳида ба ҳисоб гирифта шудааст (бо унвони «Ташкил, банақшагирӣ ва роҳбарии муассиса»), ки маҷмӯи масъалаҳои фаъолияти иқтисодии ташкилот (иттиҳодия) ва роҳбарии қисми хоҷагидории он аз тарафи давлат, усулҳои мувофиқ омадани ҳама қисматҳои раванди истеҳсолотро бо мақсади истифодаи самараноки онҳо баррасӣ мекунад.

Иқтисодиёти саноат бо як қатор соҳаҳои донишҳои ба ҳам наздик – банақшагирии хоҷагии халқ, баҳисобгирӣ, фаъолияти иқтисодӣ, ҷуғрофиёи иқтисодӣ, молия ва қарз, нархгузорӣ, ҳамчунин бо илмҳои техникӣ ва риёзӣ алоқаманд аст.

Оид ба масъалаҳои иқтисодиёти саноат дар муассисаҳои соҳавии академию илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар таҳқиқот бурда мешавад. Дар Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, факултаҳои иқтисодии мактабҳои олии ҷумҳурӣ оид ба масъалаҳои иқтисодиёти саноат корҳои илмӣ анҷом дода мешаванд. Дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии техникӣ кафедраҳои иқтисодиёти саноати умумӣ ва иқтисодиёти соҳаҳои ҷудогонаи саноат фаъолият мекунанд, ки доир ба масъалаҳои иқтисодиёт, банақшагирӣ, ташкил ва роҳбарии истеҳсолоти саноатӣ таҳқиқоти илмӣ мебаранд. Самтҳои асосии таҳқиқоти илмӣ: масъалаҳои самаранокии чорабиниҳои истеҳсолӣ-хоҷагидорӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ҳамчун манбаи ашёи хоми саноат, масъалаҳои самаранокии қарорҳои хоҷагӣ ва нақшавӣ ва усулҳои такмили роҳбарии истеҳсолоти саноатӣ, шохаҳои он, иттиҳодия ва муассисаҳо.