Иқтисоди диққат
Иқтисоди диққат (англ. attention economy) — равиши идоракунии иттилоот мебошад, ки диққати инсонро ҳамчун моли камёфт баррасӣ карда, назарияи иқтисодиро барои ҳалли мушкилоти идоракунии иттилоот истифода мебарад[1]. Инчунин ҳамчун назарияе муайян карда мешавад, ки тибқи он воситаҳои ахбори омма, корхонаҳои тиҷоратӣ ва мақомот барои диққати истеъмолкунанда, ки захираи аз ҳама камёфти ӯст, мубориза мебаранд[2].
Пайдоиши иқтисоди диққат бо он вобаста аст, ки дар ҷаҳони муосир миқдори иттилоот ва молҳо зиёд шудааст, дар ҳоле ки ҳаҷми вақти барои онҳо сарфшаванда зиёд намешавад. Дар натиҷа, диққат ба сармояи асосӣ табдил ёфт. Идеяи марказии иқтисоди диққат ин табдил додани диққат ба даромади мустақим ё ғайримустақим ҳангоми истифодаи платформаҳо ва технологияҳои рақамӣ мебошад[3].
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар давоми асри XX ба шарофати рушди технологияҳо, индустрикунонии ҷаҳонӣ ва пурзур шудани нақши шаҳрҳо, аҳамияти диққат ҳамчун захираи фоидаовари иқтисодӣ мунтазам афзоиш ёфт. Бо фаро расидани асри иттилоот арзиши диққати инсон якбора боло рафт ва барои он ВАО, тиҷорат ва давлат ба рақобат шурӯъ карданд. Сабаби ин падида сершавии муҳит бо контент ва тағирёбии фазои иттилоотӣ буд, ки дар он таблиғот аз кӯчаҳои шаҳр ба экранҳои гаҷетҳо кӯчид. Тавре ки иқтисоддонон таъкид мекунанд, агар қаблан захираҳои камёфт замин ва об буданд, имрӯз ба онҳо диққати инсон низ илова шуд, ки ҳам камёфт ва ҳам пураҳамият гаштааст.
Бори аввал консепсияи иқтисоди диққатро соли 1971 олими амрикоӣ Ҳерберт Саймон пешниҳод кард, ки идоракунии самараноки диққатро ҳамчун захираи камёфт дар ҷаҳони аз иттилоот бой меомӯхт. Ӯ қайд мекард, ки зиёдатии иттилоот боиси норасоии диққат ва зарурати тақсимоти самараноки он дар байни манбаъҳои сершумори иттилоот мегардад. Саймон аксар вақт ҳамчун асосгузори иқтисоди диққат дониста мешавад, ҳарчанд ӯ онро танҳо барои шахс ё созмоне меомӯхт, ки мехоҳад ҳаҷми маҳдуди диққатро оқилона тақсим кунад.
Мафҳуми «иқтисоди диққат»-ро новобаста аз якдигар Георг Франк ва Майкл Голдҳабер ворид карданд. Франк ин истилоҳро дар кори соли 1993 «Иқтисоди диққат» (олмонӣ: Ökonomie der Aufmerksamkeit) истифода бурд. Голдҳабер мафҳумро соли 1997 ворид карда, онро ҳамчун алтернатива ба истилоҳи «иқтисоди иттилоотӣ» истифода бурд. Ба фикри ӯ, маҳз «диққат, ҳадди ақал он диққате, ки ба чизҳои барои мо муҳим равона шудааст, ба захираи асосии камёфт табдил меёбад»[4]. Аз солҳои 1990 инҷониб назарияи иқтисоди диққат устувор рушд мекунад[5].
Принсипҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Моликият. Корбар соҳиби диққати худ аст ва метавонад онро дар ҳар ҷое нигоҳ дорад, худаш диққати худро назорат мекунад.
Қобилияти ҳаракат (Мобилият). Корбар метавонад диққати худро дар ҳар вақт ва ба ҳар ҷое бехатар интиқол диҳад.
Сарфакорӣ. Корбар метавонад ба ҳар чизе ки мехоҳад диққат кунад ва фоида гирад, диққати ӯ арзиш дорад.
Шаффофият. Корбар метавонад дақиқ бинад, ки диққати ӯ чӣ гуна истифода мешавад[6].
Вазифаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Эҷоди сару садо (Шум). Генериратсияи изҳороти ҷасурона, ки вазъи мавҷударо вайрон мекунанд ва зуд паҳн (вирусӣ) мешаванд.
Эҷоди арзиш. Ба контент додани арзиши воқеӣ барои аудитория, ки боиси зуд афзоиш ёфтани машҳурияти он мегардад.
Эҷоди контенти дастрас ё осон кардани дастрасӣ ба контенти мавҷуда.
Технологияҳои ҷалби диққат
[вироиш | вироиши манбаъ]Ричард Лэнҳэм қайд мекунад, ки дар ҷаҳони муосир ғалабаи иттилоот бар объектҳо ва услуб бар мазмун мушоҳида мешавад. Тибқи консепсияи ӯ, диққати инсон аввал ба услуб ва сипас тавассути он ба мазмун мегузарад. Ҷангҳои иттилоотӣ ба як падидаи муқаррарӣ табдил ёфтаанд, ки дар он абзорҳои иттилоотӣ на танҳо воқеаҳоро тавсиф мекунанд, балки онҳоро эҷод низ мекунанд[7].
Намунаи равшани вобастагии даромади пулӣ аз диққат — ин таъсири ранги эҳсосии хабарҳо ба қурби асъор ё таъсири шарҳҳо дар Twitter ба нархгузории ашёи санъат мебошад. Таҳқиқотҳо нишон доданд, ки хабарҳое, ки эҳсосотро бармеангезанд, хусусан эҳсосоти манфӣ, хеле зудтар паҳн мешаванд.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Экономика внимания: борьба брендов за пользователей. Mentamore (10 феврали 2020).
- ↑ Э — экономика внимания: почему важно удержать пользователя. РБК Тренды (24 Январ 2022).
- ↑ Как работает экономика внимания. РБК Тренды.
- ↑ Э — экономика внимания: почему важно удержать пользователя. РБК Тренды (24 Январ 2022).
- ↑ Милкова, 2020, с. 76.
- ↑ Экономика внимания: борьба брендов за пользователей. Mentamore (10 феврали 2020).
- ↑ Милкова, 2020, с. 78.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Simon, Herbert A. Designing Organizations for an Information-rich World (англ.) // Computers, communications, and the public interest. — Балтимор, 1971. — P. 37—72.
- Lanham, Richard A. The Economics of Attention: Style and Substance in the Age of Information (англ.). — University of Chicago Press, 2006. — 326 p. — ISBN 978-0-226-46867-9.
- Милкова М. А. Феномен внимания в информационной среде: экономика внимания // Цифровая экономика. — 2020. — № 3 (11). — С. 73—87.
- Шаститко А. Е., Моросанова А. А., Маркова О. А. Экономика внимания: вопросы применения // Вопросы теоретической экономики. — 2022. — № 1. — С. 7—23.