Иқтисоди меҳнат
Иқтисоди меҳнат — як соҳаи илми иқтисодӣ, ки масъалаҳои меҳнат ва меҳнати одамро меомӯзад.
Иқтисодиёти меҳнат — соҳаи илми иқтисод, ки равандҳои такрористеҳсоли қувваи корӣ ва таъсири мутақобилаи коргарон, воситаҳо ва ашёи меҳнатро меомӯзад.
Иқтисодиёти меҳнат бозори меҳнат, захираҳои меҳнатӣ, иштиғол ва муносибатҳои меҳнатиро таҳлил намуда, даромади коргарон ва музди меҳнатро таҳқиқ мекунад. Инчунин масъалаҳои истеҳсолӣ ва самаранокии меҳнатро омӯхта, шумораи коргарон ва мафҳуми сармояи инсониро муайян мекунад. Асосгузори иқтисодиёти меҳнати муосир иқтисоддони амрикоии лаҳистонитабор Ҷ. Минсер мебошад. Баҳогузории даромадҳо аз маблағгузорӣ ба сармояи инсонӣ муодилаи Минсер номгузорӣ шудааст. Олимони дигар мавзӯи иқтисодиёти меҳнатро васеътар нишон дода, масъалаҳои танзими меҳнат, усулҳои идоракунии ҳайати кормандонро ба он дохил мекунанд. Иқтисодиёти меҳнат меҳнатро дар баробари омилҳое чун табиат, сармоя ва фаъолияти соҳибкорӣ, ки дар ташаккули нархи маҳсулот ва хадамот иштирок мекунанд, яке аз омилҳои истеҳсолот мешуморад. Ашёи иқтисодиёти меҳнат – меҳнат, мудрак (объект)-и он инсон ҳамчун манбаи меҳнат мебошад. Хусусиятҳои асосии меҳнат мувофиқи мақсад будан, ҷараёни бошууронаи он барои ба вуҷуд овардани неъматҳо ва хадамот, самаранокӣ ва сарфакорӣ мебошад. Иқтисодиёти меҳнат нақши меҳнат дар ҷомеа, ташкили муносибатҳои меҳнатӣ ва бозори меҳнат, сохтори аҳолӣ дар алоқамандӣ бо муносибатҳои меҳнатӣ (аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол ва ғайрифаъол), машғул будан ба кор ё бекорӣ, омилҳои меҳнат ва захираҳои иқтисодии рушдро меомӯзад. Натиҷаи корҳои олимон доир ба иқтисодиёти меҳнат дар шакли тавсия ба роҳбарон, пешниҳод ба сиёсати иқтисодии давлат ва чорабиниҳо доир ба танзими комплексии бозори меҳнат истифода мешаванд.
Самтҳои асосӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Омӯзиши муносибатҳои меҳнатӣ, шароити ташаккул ва истифодаи неруи меҳнатӣ .
Таҳлили ташкили илми иқтисод бо мақсади такмили минбаъдаи он.
Мавзӯъ
[вироиш | вироиши манбаъ]Нерӯҳои меҳнатии ҷамъият ва роҳҳои оқилонатар истифода бурдани он ба манфиати зиёд кардани самараи истехсолоти ҷамъиятӣ ва таъ-мини сифати шоистаи зиндагонй .
Вазифа
[вироиш | вироиши манбаъ]Омӯхтани қонуниятҳои иқтисодии рушди бозори кор ва шуғли аҳолӣ дида баромадани механизмҳои гуногуни баланд бардоштани самаранокии иҷтимоию иқтисодии меҳнат дар зинаҳои гуногуни иқтисодиёт.
Ҳамчунин нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашмаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Иқтисоди меҳнат — Энсиклопедияи Украинаи муосир [Бойгонӣ 24 январи соли 2018 дар мошини Wayback .]
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Иқтисодиёти меҳнат // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.