Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Иқтисоди сиёсии майдабуржуазӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Иқтисоди сиёсии майдабуржуазӣ — ҷараён (тамоюл)-и иқтисоди сиёсии буржуазӣ, ки идеологияи синфи миёнаи ҷамъияти капиталистӣ – буржуазияи майдаро инъикос мекунад.

Иқтисоди сиёсии майдабуржуазӣ дар ибтидои асри 19 ба вуҷуд омадааст. Асосгузорони ин ҷараён иқтисоддони швейсарӣ С. Сисмонди ва иқтисоддони фаронсавӣ П. Ж. Прудон буданд. Хусусияти Иқтисоди сиёсии майдабуржуазиро табиати иҷтимоӣ-иқтисодии буржуазияи майда муайян мекард. Аз як тараф он зуҳуроти капитализмро, ки зидди манфиатҳои буржуазияи майда буд, танқид ва аз тарафи дигар асосҳои капитализмро ҷонибдорӣ мекунад. Иқтисоди сиёсии майдабуржуазӣ бо вуҷуди ошкор кардани ихтилофоти капитализм, моҳияти иҷтимоӣ-иқтисодии онҳоро нишон намедиҳад ва роҳҳои амалии ҳалли онҳоро низ пешниҳод намекунад. Пайравони ин ҷараён асоси раванди таърихиро на дар инкишофи тарзи истеҳсолоти ҷамъиятӣ, балки дар мақсадҳои олии ахлоқӣ медиданд. Ба Иқтисоди сиёсии майдабуржуазӣ на усули таҳлили илмии қонуниятҳои воқеии инкишофи ҷомеа, балки арзёбии ахлоқии он хос аст. Таҳлили амиқи илмӣ-интиқодии Иқтисоди сиёсии майдабуржуазӣ дар асарҳои К. Маркс, Ф. Энгелс ва В. И. Ленин ҷой дода шудааст.