Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Иқтисоди сиёсӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Иқтисоди сиёсӣ (англ. political economy) — яке аз номҳои назарияи иқтисод, ки соли 1615 иқтисоддони фаронсавӣ А. Монкретйен ҷорӣ намуд ва аз асри 18 то солҳои 90 асри 20 васеъ истифода шудааст.

Дар илми иқтисодии шӯравӣ Иқтисоди сиёсии сотсиализм ба илми идеологӣ ва сиёсӣ табдил ёфт, ки аз мавқеъ ва қарорҳои ҳизби ҳукмрон, съездҳои ҲКИШ ва пленумҳои КМ-и он маншаъ мегирифт. Марксизм ба ин илм тобиши сиёсӣ дод. Мувофиқи шарҳи марксистӣ Иқтисоди сиёсӣ илмест, ки муносибатҳои ҷамъиятии одамонро дар раванди истеҳсолот, тақсимот, мубодила ва истифодаи неъматҳои моддӣ меомӯзад. Мавзӯъ (предмет)-и таҳқиқи Иқтисоди сиёсии марксистӣ қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ мебошанд, ки асоси онҳоро муносибатҳои молумулкӣ ташкил мекард. Иқтисоди сиёсии марксистӣ аз се қисм иборат буд: Иқтисоди сиёсии капитализм, Иқтисоди сиёсии империализм ва Иқтисоди сиёсии сотсиализм, ки ҳамчун давра (форматсия)-ҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ омӯхта мешуданд.

Иқтисоди сиёсии капитализм асосан ба омӯзиши асарҳои К. Маркс, Ф. Энгелс ва В. И. Ленин такя мекард. Маркс қонуни инкишофи капитализм – ба даст овардани арзиши изофаро кашф кард, ки қувваи дохилии ҳаракатдиҳандаи истеҳсолоти капиталистӣ ва ҳамзамон заминасоз барои барҳам додани ин тарзи истеҳсолот мебошад. Афзудани андӯхт ва тамаркузи сармоя, васеъшавии миқёси истеҳсолот, ки бар истисмори синфи коргар асос ёфтааст, боиси тағйирёбии заминаи техникии тарзи капиталистии истеҳсолот мегардад, ки ба ақидаи Маркс, ногузир ба тезутундшавии зиддият миёни қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолии капитализм, вайроншавӣ ва ивазшавии он ба сохти нави пешқадамтар – коммунизм оварда мерасонд. Яке аз шаклҳои зуҳури зиддиятҳо буҳрони барзиёдистеҳсолкунӣ мебошад.

Саҳми Ф. Энгелс дар инкишофи Иқтисоди сиёсӣ баъд аз марги К. Маркс таҳқиқи зуҳуроти нав мебошад, ки дар «Капитал» инъикос наёфтаанд: раванди монополиякунонии иқтисодиёт, масъалаи таносуби миёни монополия ва рақобат, рушди шаклҳои сармояи қалбакӣ, афзоиши нақши биржаҳои фондӣ ва ғ.

Ленин нақшаи абстрактӣ-назариявии ба хоҷагии молӣ ва баъд ба хоҷагии капиталистӣ табдил ёфтани хоҷагии натуралии истеҳсолкунандагони бевоситаро таҳия карда, масъалаҳои робитаи мутақобилаи бозори дохилӣ ва пайдоиши капитализмро ба миён гузошт. Ӯ истеҳсолоти молии одиро ҳамчун асоси умумии инкишофи муносибатҳои капиталистӣ пешниҳод намуда, се давраи инкишофи капитализмро дар саноат ҷудо кард: истеҳсолоти дастӣ, мануфактура, саноати бузурги мошинӣ (фабрикаю заводҳо). Инчунин хусусиятҳои инкишофи капитализм дар хоҷагии қишлоқ ва дараҷаи олии инкишофи капитализм – империализмро таҳқиқ намуд.

Иқтисоди сиёсии империализм сохтори ҷаҳонро ҳамчун муборизаи байни давлатҳои пешқадам барои бозори нав, манбаъҳои ашёи хом, доираи маблағгузорӣ, тақвияти таъсири сиёсӣ ва мадании онҳо шарҳ медиҳад. Империализм ҳамон давраи инкишоф мебошад, ки «дар он ҳокимияти инҳисорӣ ва сармояи молиявӣ шакл гирифта, содироти сармоя аҳаммияти бузург пайдо кардааст, тақсими ҷаҳон миёни иттиҳодияҳои байналмилалӣ оғоз шуда, бо тақсими ҳамаи ҳудудҳои замин байни мамлакатҳои бузурги капиталистӣ ба охир расидааст» (Ленин).

Иқтисоди сиёсии сотсиализм дар дараҷа ва мафҳумҳо иқтисодиёти нақшавии ғайрибозории ҷомеаи сотсиалистиро тавсиф мекунад. Ҳизби коммунистӣ баъди ба сари ҳокимият омадан ба ҳизби иқтисодӣ табдил ёфт, ки рушди иқтисодиётро дар самти расидан ба мақсади ниҳоӣ ташкил мекард. Мувофиқи ақидаи тарғибгарони Иқтисоди сиёсии сотсиализм воситаи асосии таъмини истеҳсолоти мутаносиб, яъне таъмин намудани талаботи ҷамъият ба неъматҳои моддӣ бо роҳи мунтазам кам кардани хароҷоти вақти корӣ дар меҳнати зиндаи коргарони истеҳсолкунанда ва кормандони меҳнати ғайриистеҳсолӣ (зеҳнӣ) мебошад. Қонуни сарфа кардани вақти корӣ қонуни асосии иқтисодиёти сотсиалистӣ ба ҳисоб мерафт. Дар замони сотсиализм дар Иқтисоди сиёсии сотсиалистӣ собит шуда буд, ки ҷамъият барои қонеъ гардонидани на танҳо талаботи моддӣ, балки талаботи маънавии одамон ба сарфаи бошуурона ва нақшавии вақти корӣ мегузарад, ки ба ин бе зиёд кардани вақти холӣ ноил шудан номумкин аст. Сарфаи вақти корӣ имкон медиҳад, ки на танҳо истеҳсолот, ки ба афзоиши аҳолии мамлакат алоқаманд аст, инчунин зиёдшавии вақти холии ҳар як узви ҷомеа барои рушди шахсии ӯ таъмин карда шавад. Таҷриба нишон дод, ки қонуни сарфа кардани вақти корӣ чун дигар қонунҳои Иқтисоди сиёсии сотсиализм хусусияти расмӣ (декларативӣ) дошта, ба ягон интиқод тоб наовардааст. Ҳамин тавр, иқтисодиёте, ки ба моликияти ҷамъиятӣ асос ёфта, ҷомеаро ба зинаи бидуни мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ оварда расонад, пойдор гардонда нашуд. Аз ин рӯ, Иқтисоди сиёсӣ ҳамчун илм ба буҳрони шадид гирифтор шуд. Бо пешниҳоди А. Маршалл соли 1902 ба сифати курси таълимӣ дар Донишгоҳи Кембриҷ фанни «Экономикс» ҷорӣ шуд, ки нисбат ба Иқтисоди сиёсӣ фарохдомантар буд. Минбаъд дар мактабҳои олии мамлакатҳои дигар ба таълими илми иқтисод бо ин ном гузаштанд. Дар давлатҳои сотсиалистӣ ин фан бо номи Иқтисоди сиёсӣ таълим дода мешуд. Пас аз барҳам хӯрдани ИҶШС ба ҷои Иқтисоди сиёсӣ фанҳои «Иқтисодиёт» ва «Назарияи иқтисод» таълим дода мешаванд. Ҳоло мазмуну мундариҷаи ин фанҳо бо диди дигари муносибатҳои иқтисодӣ дар ҷомеа асос ёфтаанд.