Иқтисоди соягӣ
Иқтисоди соягӣ, иқтисодиёти ғайрирасмӣ ва ё пинҳонӣ — фаъолияти иқтисодии ғайриқонунӣ, ки дур аз назари давлат ва ҷомеа қарор дорад; бахши ғайриқобили мушоҳида, ғайрирасмӣ ва ғайриқонунии иқтисодиёт. Баъзан онро иқтисодиёти ҷиноӣ ҳам меноманд. Иқтисоди соягӣ ду қисмро дар бар мегирад: 1) иқтисодиёти аз ҷониби давлат шинохтанашуда; 2) иқтисодиёти ҷиноӣ. Қисми аввали Иқтисоди соягӣ аз сабти давлатӣ нагузашта, ба таври мустақил фаъолият мекунад. Фаъолияти ин қисм мураттабу бонизом буда наметавонад ва хислати муваққатию мавсимӣ дорад. Ҷомеа ва давлат метавонанд бо пажӯҳишу таҳқиқот онро ба низом дароварда, роҳи ба иқтисодиёти ҷомеа ворид намуданашро дарёбанд. Намуди дуввуми Иқтисоди соягӣ бештар хислати ҷиноӣ дошта, бо кочоқи маводди мухаддир, аслиҳа ва дигар фаъолияти ғайриқонунӣ сари кор дорад. Низоми хоҷагидории сотсиалистӣ дар иқтисодиёт қоидаҳои ниҳоят шадидро ҷорӣ карда буд, ки аз зуҳур кардани Иқтисоди соягӣ дар кишвар ҷилавгирӣ мекард.
Таҳқиқотҳо муайян кардаанд, ки Иқтисоди соягӣ пурқувват гардида, дар натиҷа ҷабру зулм, тазйиқу ситами мардуми одӣ боз ҳам пурзӯртар шудааст. Иқтисоди соягӣ дар раванди беҳтар кардани сатҳи некуаҳволии мардум, демократикунонии ҷомеаҳо ва давлатҳо садду монеаҳои зиёде эҷод мекунад.
Иқтисоди соягӣ натиҷаи норасоиву зиддиятҳо дар низоми нодурусти хоҷагидорӣ ва камбудиҳо дар қонунгузории мавҷуда мебошад. Пажӯҳишгоҳи илмии меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як таҳқиқоти худ муайян кардааст, ки дар Тоҷикистон агар даромад аз шуғли расмӣ ба ҳисоби миёна 1559 сомониро ташкил карда бошад, даромади солона аз фаъолияти ғайрирасмӣ 4170 сомониро ташкил додааст, ки ин назар ба даромади расмӣ 2,67 баробар зиёд мебошад.
Азбаски Иқтисоди соягӣ бо сатҳу дараҷа ва хусусиятҳои ба худ хос дар мамлакатҳои ҷаҳон доман паҳн кардааст (аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир), СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ барои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб якҷо мубориза мебаранд.
Мувофиқи маълумоти расмии соли 2011 дар Иқтисоди соягии мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо 2,2 млрд доллар гардиш мекард. Иқтисоди соягӣ дар мамлакатҳои Аврупои Шарқӣ ва Ҷанубӣ бештар инкишоф ёфта, саҳми он дар ММД аз 20 то 40 %-ро ташкил мекунад.
Иқтисоди соягӣ ҷиҳати мусбат ҳам дорад, аз ҷумла ҳангоми пастравии истеҳсолот ва буҳронҳои молиявӣ, ки боиси зиёд шудани шумораи бекорон ва таркиши иҷтимоӣ дар ҷомеа мегардад, мардуми бекормонда наҷоти муваққатиро аз гуруснагӣ дар иқтисоди ғайрирасмӣ меҷӯянд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Иқтисоди соягӣ // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.