Иқтисодчии хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон
Иқтисодчии хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон (Иқтисоддони шоистаи ҶШС Тоҷикистон) — унвони фахрӣ. Бо қарори Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон 29.9.1966 таъсис шудааст.
Ин унвон ба иқтисоддонони баландихтисоси корхонаҳои саноатӣ, нақлиёт, сохтмон, муассисаҳои савдо ва дигар ташкилоту идораҳо, колхозу совхозҳо, мақомоти нақшавӣ-оморӣ, молия, қарз, вазорат ва идораҳои ҷумҳурӣ, ки аз рӯи ихтисосашон на камтар аз 15 сол баҳри самаранокии истеҳсолоти ҷамъиятӣ, такмилу ҷорӣ кардани низоми нави банақшагирӣ, баланд бардоштани сифати ҳисобот ва баҳисобгирӣ корҳои шоиста кардаанд, дода мешуд. Шахсоне, ки ба ин унвон сарфароз мегардиданд, Грамотаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, нишони сарисинагӣ ва шаҳодатнома мегирифтанд.
Иқтисоддонони шоиста
[вироиш | вироиши манбаъ]Ба унвони мазкур шахсони зерин сарфароз гардидаанд:
- 1966: Собир Раҳимов;
- 1967: И. Е. Дмитриев, А. Ё. Ёқубов;
- 1968: Н. К. Сунсов, А. П. Антонов, В. И. Железнова, Ш. О. Муродов;
- 1969: Н. С. Назарова, Б. М. Қобилов, С. Мусоев, Ҳ. Ҳамроев, Р. Шарифов;
- 1970: М. Алиматов, Т. Н. Асташева, Н. Ф. Фозилов;
- 1971: А. Ҳусейнов, А. Е. Давидян, В. А. Лисовский, Т. А. Севастянова, А. Н. Огибаева, Ф. Турсунов, С. Хоҷаев;
- 1973: Ҳ. Шарифов, И. И. Ломаев, М. Почоев;
- 1974: С. Казаков, Р. Д. Абидулин, М. Қ. Арбобов, Л. П. Архангелская, Э. Қодиров, Т. Мадиев, М. Муъминов, Т. Ҳаитов, Н. И. Халаимова, Р. Ҷ. Шангараева, М. Янгашев, К. Алипов, Ҷ. Сатторов, М. Аҳмадов, А. Бобошукуров, А. Ғаффоров, В. Ҷаъфаров;
- 1975: В. И. Манаенкова, В. Н. Сидоров, М. Бекназаров, В. Е. Федюк, Е. И. Е. И. Улянова;
- 1978: З. Ф. Деева, Б. Сафаров, Карим Шарифов;
- 1979: М. А. Кузмин, П. В. Лучко, Қ. Носиров, У. Саидов, В. М. Скоробогатова, Р. П. Черкасова.
Унвони мазкур аз январи 1981 барҳам дода шуд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Иқтисодчии хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.