Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Иқтоъ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Иқтоъ (ар. اقطاع қитъа, пора, порча кардан) иқтаъ, қатиа — як шакли заминдории асримиёнагӣ дар давлатҳои мусулмонии Шарқ.

Иқтоъ дар ҳуқуқи исломӣ ба ихтиёри касе вогузор кардани замин, об, конҳои маъдан ё ҳаққи ҷамъоварии хароҷу молиёти минтақаи муайянро дар замони маҳдуд ё номаҳдуд ифода мекард. Ду навъи Иқтоъ маъмул буд: Иқтоъи тамлик ва Иқтоъи иҷора. 1) Иқтоъи тамлик аз қитъаи заминҳои бекорхобида – мавот (мурда) ё ободи бесоҳиб иборат буд, ки ба муддати се сол ба ихтиёри шахсони алоҳида вогузор мешуд. Шарти асосии Иқтоъи тамлик эҳё ё обод кардани замин аст. Иқтоъи тамлик метавонист меросӣ ё муваққатӣ бошад; баъди фавти иқтоъдор баъзан ҳукми тамлик ба вориси ӯ мегузашт. Ба Иқтоъи тамлик вогузор кардани замин ё моликияти байтулмол (заминҳои хироҷӣ, заминҳои ворисонашон номаълум ва ғ.) раво набуд. Ҳамзамон, агар иқтоъдор мардумро иҷборан ба кишту обод кардани замин водор мекард, Иқтоъи тамлик ҷоиз дониста намешуд. 2) Иқтоъи иҷора (истиғлол) ба ашрофу низомиён вогузор мешуд ва онҳо ба ҷои пардохти муқаррарии ҳаққи хидмат ё подош худ ҳуқуқи гирдоварии даромаду андози заминро соҳиб мешуданд. Иқтоъдор ҳуқуқ дошт, ки аз сокинони мулки зертобеи худ дар ҳаҷми аз 15% то нисфи ҳосил андоз ситонад. Ду навъи Иқтоъи иҷора маъмул аст: ушр ва хироҷ. Дар баъзе сарчашмаҳо навъи севуми Иқтоъ – ирфоқро низ зикр кардаанд. Ирфоқ ба ихтиёри касе вогузор кардани ҳуқуқи истифодаи роҳҳо, саҳни масҷиду бозорро ифода мекард.

Иқтоъ дар ибтидои ислом ҳамчун воситаи таъмини муҳоҷирон бо замин, ҷалби ғайримусулмонон ба ислом, ҳавасмандгардонии сипоҳиён, муқим кардани арабҳо дар мамолики дигар ва ғ. истифода мешуд. Дар замони Аббосиён шаклҳои нави Иқтоъ – «иғор» ва «туъма» пайдо шуданд. Иғор навъе аз заминҳои хироҷӣ буд, ки бо имтиёзи молӣ ба ихтиёри соҳибмансабон вогузор мешуд ва бар ивази иғор ҳар сол ба хазина маблағи муайян месупурданд. Маъмурони андоз аз ҳуқуқи дахолат ба мулки иғор маҳрум ва чунин заминҳо тадриҷан меросӣ мешуданд. Туъма низ навъи дигари Иқтоъ ё инъоми ғайримеросӣ буд, ки соҳиби он солона даромади заминро ба хазина месупурд. Дар аҳди Муътасим (833–41) ва писараш Восиқ Биллоҳ (1841–47) қудрати туркон дар дастгоҳи идории хилофат пӯрзур шуд ва ин раванд боиси ташаккули низоми заминдории иқтоъ ва ташкили аморатҳои мустақил гардид. Аз асри 9 заминҳои ба ҳокимон инъомкардаи халифа низ Иқтоъ ном гирифтанд. Дар ибтидо андози иқтоъро маъмурони молиявии давлат ҷамъ карда, ба иқтоъдор медоданд. Ӯ ҳамаи андоз ва ё як қисми онро ҳамчун фоида аз худ мекард. Баъдтар ҳуқуқи ситондани андоз ҳам ба иқтоъдор гузашт. Аз асри 10 амалан иқтоъдорон ба имтиёзҳои калон соҳиб ва мулки онҳо меросӣ шуд. Заминҳои иқтоъ аз охири асри 10 расман моликияти давлатӣ шуморида шуда, амалан як навъ заминдории шартии феодалӣ буданд.

Намояндагони хонадони Сомониён дар аҳди хилофати Маъмун аз тариқи дарёфти иқтоъ дар минтақаҳои гуногуни Мовароуннаҳру Хуросон ба ҳукумат расида, баъди таъсиси давлати мустақили худ аз ривоҷ додани иқтоъи низомӣ худдорӣ карданд: дар ибтидо маоши ҳарбиёну амалдорон аз хазинаи марказӣ нақдӣ пардохт мешуд. Сомониён то нимаи дуввуми асри 10 мавқеи ҳукумати марказиро устувор нигоҳ дошта, ба ҳарбиён ва бештари амалдорон иқтоъ надоданд. Аз ҷониби дигар, дар ин давра намояндагони хонадони ҳукмрон ва табақаи ашроф аз қабили Симҷӯриён, Ғазнавиён, Довудиён ё Бойинҷӯриён иқтоъ дарёфт карда, ба ҳукумати марказӣ чандон тобеъ набуданд. Дар аҳди Ғазнавиён тибқи амри Сабуктегин ва писараш Маҳмуди Ғазнавӣ аз додани иқтоъ ба сипоҳиён худдорӣ карда шуд ва ин ҳолат баъдан дар аҳди се насли ворисони онҳо идома ёфт. Бо вуҷуди ин ҳодисаҳои ҷудогонаи инъоми иқтоъ дар Хоразм, Хуросон, Ҳинд ва ғ. ҷой дошт. Дар аҳди Бувайҳиён инъоми иқтоъи низомӣ ривоҷ ёфта, деҳқонон дар минтақаҳои шарқӣ ва марказии Эрон аз мулки худ маҳрум шуданд. Салҷуқиён низ заминҳои мавотро ба ихтиёри низомиён вогузоштанд. Ин амал дар ибтидо ба нафъи давлат буд ва ҳаққи хидмати қисми зиёди сипоҳиён бо ин роҳ таъмин мешуд. Баъдан низоми заминдории иқтоъ тавассути Низомулмулк такмил дода шуд, ки мувофиқи он имтиёзи иқтоъдорони низомӣ ва ашроф баробар гардид; ба хотири ҷилавгирӣ аз таҳдиди сипоҳиён ба ҳукумати марказӣ ба онҳо мулк инъом карда мешуд. Иқтоъи сипоҳиёну ашроф сар то сари мамлакатро фаро гирифт ва шумораи онҳо дар аҳди Маликшоҳи Салҷуқӣ (1072–92) ба 46 ҳазор расид. Масоҳати иқтоъ гуногун буда, аз вилояти бузург то деҳа ва ҳатто нисфи онро дар бар мегирифт. Ҳар як иқтоъдор вобаста ба мақоми ҳарбӣ ва масоҳати мулки худ дар лаҳзаҳои зарурӣ шумори муайяни сипоҳиёни савораю пиёдаро ба ҷанг мефиристод.

Иқтоъ дар аҳди Муғулҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар аҳди муғул заминҳои инъомшударо инҷӯ, суюрғол ва иқтоъ меномиданд. Дар ибтидо саркардаҳои ҳарбӣ мулки иқтоъро соҳиб шуданд, сарбозони қаторӣ ба ивази хидмат мол ё пул мегирифтанд. Мувофиқи ислоҳоти Ғозонхон тамоми заминҳои корам ба иқтоъи сарбозон тахсис дода шуд, ки он ба як воҳиди лашкар тааллуқ дошт: амирони тумону ҳазорӣ ин заминро байни амирони садӣ ва амирони садӣ дар навбати худ байни амирони даҳӣ тақсим мекарданд. Иқтоъдорон дар асрҳои 13–14 имтиёзи сиёсӣ, маъмурӣ, судӣ, ҳарбӣ ва баъзе мақоми вассалро доштанд. Мулки инъомшуда дар давлати Усмониён бо номи иқтоъ, тимор, заомат, суюрғол ва дар Ҳиндустон ҳамчун ҷогир, ваҷҳдор, муқтаъ маъмул буданд. Умуман, аҳволи кишоварзон дар заминҳои инъомшуда вазнин буд ва онҳо бо ихтиёри худ ба ҷои дигар рафта наметавонистанд. Иқтоъдорӣ дар Осиёи Миёна баъди Инқилоби Октябр барҳам дода шуд.