Jump to content

Йидиш

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Йидиш
Номи қавмӣ идиш: יידיש
Кишварҳо
Созмони танзимкунанда Yivo Institute for Jewish Research[d]
Шумораи умумии гӯишварон
Вазъ 2 vulnerable[d]
Таснифот
забонҳои авруосиёӣ[d]
забонҳои ҳиндуаврупоӣ
Забонҳои германӣ
забонҳои германии ғарбӣ[d]
забонҳои олмонии боло[d]
идиш
Хат Hebrew-script-based alphabet[d] ва Ҳуруфи иврӣ
Коди забонӣ
ISO 639-1 yi
ISO 639-2 yid
ISO 639-3 yid
WALS ydd
Ethnologue yid
Linguasphere 52-ACB-g
ABS ASCL 1303
IETF yi
Glottolog yidd1255
Ниг. низ: Лоиҳа:Забоншиносӣ

Идиш (יידיש, ייִדיש или אידיש, идиш ё йидиш — айнан: «яҳудӣ») — номи забон, маънои луғавии ин калима «забони яҳудӣ» мебошад; дар баъзе қомусҳо бо номи «гӯиш / жаргони яҳудӣ — олмонӣ» ёд шудааст. Яке аз забонҳои олмонӣ (германӣ), забони гуфтугӯӣ ва адабии мардуми ашкеназ, ки авлодан яҳудиёни олмонӣ буданд.

Қаблан худи яҳудиёни ашкеназӣ калимаи тайч-ро истифода мебурданд [аз калимаи дойч (deutsch) «олмонӣ» гирифта шудааст] ва ба сифати номи забонашон таркиби идиш-тайч (яҳудӣ-олмонӣ) ба кор мерафт, ки бо мурури замон аз ҷузъи дуввуми худ озод шуда, ба идиш мубаддал гардид. Забони расмии Вилояти Худмухтори Яҳудиён дар Русия. Бо ин забон дар ибтидои асри 20 дар дунё 11 млн нафар гуфтугӯ мекарданд, вале мувофиқи барӯйхатгириҳои солҳои охир (ибтидои асри 21) шумораи гуфтугӯкунандагон бо идиш аз 600 ҳазор то ба 1762 320 нафар мерасад. Асрҳои 10-14 дар заминаи яке аз гӯишҳои олмонии боло ташаккул ёфтааст ва баъдан ба он забони иврит ва забонҳои славянӣ таъсир расонидаанд. Пас аз муҳоҷирати яҳудиёни ашкеназӣ (асрҳои 15-16) ба Давлати шоҳии Лаҳистон мавзеи буду боши ҳомилони идиш Литва, Украина, Беларус гардид. То аввали асри 19 идиш чун забони мустақил эътироф нашуда буд, онро жаргони яҳудӣ меҳисобиданд, зеро тафовути он аз забони олмонӣ дар сатҳи берунӣ дар талаффуз (Роте-Ройт), алифбои мураббаъ (квадратӣ) ва маҷмӯи калимаҳои хос (гебраизмҳо) зоҳир мегашт, ки дар забони олмонӣ мавҷуд набуданд. Дар замони Инқилоби Русия (1917) идиш забони мустақил ҳисобида мешуд. Дар ИҶШС зери мафҳуми «забони яҳудӣ» маҳз идиш дар назар дошта мешуд, на иврит, ки дар адабиёти даврони шӯравӣ бо номи «забони яҳудии қадим» («древнееврейский язык») маъруф буд. Дар солҳои 20 асри 20 идиш яке аз забонҳои расмии ҶШС Белорусия буд ва дар дирафши ин ҷумҳурӣ дар баробари забонҳои белорусӣ, лаҳистонӣ ва русӣ шиори «Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо як шавед» бо идиш низ сабт шуда буд. Соли 1917 идиш яке аз забонҳои давлатии Республикаи Халқии Украина ба ҳисоб мерафт. Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ (аз ҷумла, ҳодисаҳои Ҳолокост), ассимилятсияи яҳудиён дар Ғарб, кӯшиши бо суръати тез ҷорӣ кардани иврит дар Исроил (аз ҷумла, аз ҳисоби маҳдуд намудани идиш) ва баста шудани мактабҳои яҳудӣ дар ИҶШС сабаби танг шудани мавқеи идиш гардид. Муҳоҷирати дигари яҳудиён дар нимаи дуввуми асри 19 — ибтидои асри 20 сурат гирифт; дар ин давра идиш дар ИМА, Канада, киш-ҳои Амрикои Лотинӣ паҳн шуд. Пас аз ба сари ҳокимият омадани миллатгароён дар Олмон (1933) яҳудиён ба Британияи Кабир, Африқои Ҷанубӣ ва дигар киш-ҳои дунё кӯчиданд. Дар Исроил мавқеи идиш-ро забони дигари маъмул дар ин давлат — иврит танг карда истодааст. Идиш вобаста ба мавқеи паҳншавиаш гӯишҳои лаҳистонӣ, литвонӣ, беларусӣ ва украинӣ дорад. Забони адабии идиш ба гӯиши украинӣ асос ёфтааст. Хусусиятҳои фонологии И: мавҷудияти ҳамсадоҳои č ва ž дар калимаҳои иқтибосӣ, пайдоиши ҳамсадоҳои нарми t’, d’, n’, s’, z’, l’, дар таъсири забонҳои славянӣ пайдоиши ҳамсадоҳои ба ҳам часпидаи (аффрикатаҳои) dz и dz’; хусусияти дароз талаффуз шудани овозҳои садонокҳо аз байн рафтааст; садонокҳои дарози e ва o тавассути дифтонгҳои ej ва oj ифода меёбанд. Дар баъзе ҳолатҳо овози [а]-и маъмули забони адабии олмонӣ дар забони идиш [о] хонда мешавад.

Хусусиятҳои сарфи (морфологӣ)-и исмҳо: мавҷудияти накира (артикл)-и номуайянии а/ап ва артикли муайянии der (ҷинси мардона), di (ҷинси занона), dos (ҷинси миёна) хос аст; имконияти ба вуҷуд овардани шакли ҷамъи калима бо роҳи ҷойивазкунии садонокҳо ба миён омадааст (barg — «кӯҳ», berg — «кӯҳҳо»), сохтани шакли ҷамъи калимаҳои иқтибосии яҳудии қадим тибқи қоидаҳои ин забон низ дар идиш амал мекунад.

Ҷонишинҳои шахсӣ: шахси якуми танҳо — дар идиш mir, дар олмонӣ wir; шахси сеюми ҷамъ — дар идиш zey, дар олмонӣ sie. Хусусиятҳои феъл: феъли ҳол ба воситаи пасванди -dik сохта мешавад (мас., kumendik ‘ — омада). Дар таркиби луғавии идиш калимаҳои иқтибосӣ аз забони яҳудии бостон, оромӣ, забонҳои славянӣ, калимаҳои байналмилалӣ ва калкаҳо аз забонҳои мавзеи зиндагии ҳомилони забон мавҷуданд. Идиш се дифтонг: -ой (бойм — дарахт), -эй (штейн — санг) ва -ай (вайс — сафед) дорад. Низоми дастури (грамматикӣ)-и идиш асосан дар пайравии қолаби забони олмонӣ сохта шудааст, вале дигаргуниҳои зиёд низ дорад. Мас., дар синтаксис қолабҳои нави тартиби калимаҳо ба вуҷуд омадаанд. Тартиби калимаҳо дар сарҷумла ва ҷумлаи пайрав монанд шудааст. Фосилаи байни исмҳо ва муайянкунандаҳои онҳо, ҳамчунин фосилаи байни ҷузъҳои ифодаву ибораҳои феълӣ кӯтоҳ шудааст. Барои ҷумлаи сода феъли -из баробар бо феъли олмонии -ist (аст) истифода мешавад, мас.: Хинэ из а ланд ин мизрах Азие — Чин кишварест дар Осиёи Шарқӣ. Дар низоми лексикӣ 70 дарсади калимаҳо баромади германӣ доранд, ҳамчунин калимаҳои яҳудии қадим (майрев — ғарб, мизрех — шарқ, хазер — хук, шабэс — шанбе, ям — баҳр ва ғ.), славянӣ (озерэ — кӯл, стэп — дашт, совэ — буф, бум ва ғ.) наздики 25-30 дарсадро ташкил медиҳанд. Хатти идиш ба хатти мураббаи забони яҳудии бостон (хатти сомии ғарбӣ) асос ёфта, барои ифодаи низоми фонетикии идиш мутобиқ карда шудааст. Ҳарфи алиф бо ҳаракатҳои гуногун овозҳои а ва о-ро ифода мекунад, ҳарфи п барои ифодаи овозҳои п ва ф ба кор меравад. Дар алифбои забони мазкур баъзе овозҳо (ж, ч) бо ду ҳарф инъикос мегарданд. Идиш ба забонҳои беларусӣ, украинӣ таъсир расонидааст. Алифбои идиш 22 ҳарф дорад ва мисли иврит аз рост ба чап навишта мешавад.

  1. Ethnologue (ингл.) — 25, 19 — Dallas, Texas: SIL International, 1951. — ISSN 1946-9675