Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) ба системаи комиссияҳои интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад, шахси ҳуқуқӣ ва мақоми доимоамалкунанда мебошад. Муҳлати ваколати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ 5 сол аст ва он ҳангоми интихоби ҳайати нави Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ қатъ мегардад.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз Раиси КМИР, муовин ва 13 нафар аъзо иборат аст. Раис, муовин ва аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсиро бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагон дар давоми се рӯзи баъди таъйин шудани интихобот интихоб мекунад.[1]
Раиси КМИР
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2016 номзадии ҳуқуқшинос, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Бахтиёр Худоёрзода ба вазифаи Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.[2]
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025.
[вироиш | вироиши манбаъ]7 феврали соли 2025 дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаи бақайдгирии рӯйхати номзадҳо аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Ҳизби демократи Тоҷикистон, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби аграрии Тоҷикистон ва Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот баррасӣ гардид.
Дар марҳалаи пешбарӣ ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ 70 нафар номзад пешбарӣ гардида буд. Комиссияи марказӣ мувофиқати номзадҳои пешбаригардидаро ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди омӯзиш қарор дод. Бо қарори дахлдори КМИР ҶТ рӯйхати номзадҳои ҳизбҳои сиёсии мазкур ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот тасдиқ гардид. Ҳамин тариқ, аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 28 номзад, Ҳизби демократи Тоҷикистон — 3, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон — 5, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон — 13, Ҳизби аграрии Тоҷикистон — 13 ва Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон 6 номзад, дар маҷмӯъ, 68 номзад ба қайд гирифта шуданд. Дар асоси рӯйхати номзадҳои ҳизбҳои сиёсӣ, ки дар КМИР пешниҳод ва тасдиқ гардида шуд, 68 номзад аз ҳизбҳои сиёсии ҷумҳурӣ дар интихоботи ҷорӣ ба порлумони нав - Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум, ҳуқуқ пайдо карданд, кӣ иштирок варзанд:
Ҳуқуқҳои пеш аз интихоботии ҳизбҳои сиёсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳизбҳои сиёсӣ баъд аз бақайдгирӣ ҳуқуқ доранд ташвиқоти пеш аз интихоботиро оғоз намоянд. Ташвиқоти пешазинтихоботӣ баъди бақайдгирӣ оғоз гардида, як рӯз пеш аз интихобот қатъ мегардад.
Комиссияи марказӣ, инчунин, дар бораи бақайдгирии ҳайати мушоҳидони байналмилалӣ аз Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ қарор қабул намуд.
Ҳамчунин, байни ҳизбҳои сиёсии дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироккунанда бо мақсади эҳтироми ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон, риояи сатҳи баланди фарҳанги сиёсӣ ва маърифати интихоботӣ, эҳтиром гузоштан ба ҳуқуқи интихоботии дигар субъектони раванди интихобот дар ҷараёни ташвиқоти пешазинтихоботӣ, сӯиистифода накардан аз озодии воситаҳои ахбори омма, риояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ созиш вобаста ба гузаронидани ташвиқоти пешазинтихоботӣ дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонда шуд.[3]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ КМИР. Комиссия. Моддаи 11. Таъсиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ. 11 марти 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 марти 2015.
- ↑ Маҷлиси намояндагон номзадии раиси нави КМИР-ро тасдиқ намуд(пайванди дастнорас)
- ↑ КМИР хабар медиҳад(тоҷ.). www.sadoimardum.tj. 15 феврали 2025 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 13 феврали 2025.