Кабоб
Зоҳир
Кабоб - навъи таом, ки аз гӯшти чорво ва парранда (мурғ, кабк, бедона) тайёр мекунанд. Гӯштро 25-35 грамми реза карда намак, мурч ва сирко мезанандю Сипас ба зарфе андохта дар ҷои салқин 1-2 соат нигоҳ медоранд. Думбаро майда-майда реза карда, ба деги тафсон меандозанд ва гӯштро дар он 15-20 дақиқа мепазанд. Кабоби пухтаро ба табақ кашида ба рӯи он пиёз, кабудӣ ва каме сирко мерезанд. Дар байни мардуми тоҷик навъҳои зерини кабоб маъмул аст.
- Барракабоб
- сихкабоб
- ҷигаркабоб
- гурдакабоб
- қимакабоб
- кабоби буғӣ
- мурғкабоб
- кабоби чӯпонӣ
- қавурдоғ
- кабоби кабкӣ
- кӯзакабоб
- тандуркабоб
- кулчакабоб
Ҳамчунин нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]- Шашлик
- Кебаб. Видеорецепт Бойгонӣ шудааст 29 Декабри 2011 сол.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энсиклопедияи мухтасари рўзгордорӣ. – Д., 1988.
- Шовалиева М. История кулинарной культуры таджикского народа. – Душанбе: Дониш, 2015.[1]
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Манобеъ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 136-168
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |