Кабоби буғӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Кабоби буғӣ навъи маъмули хӯроки миллии тоҷикон буда, бо чунин тарз тайёр карда мешавад: Гӯшти лаҳми гӯсфандро 30-40-граммӣ реза намуда, бо пиёзи маҳин резакардашуда, намак, мурч, зира ва сирко меомезанду ба зарфи сирдор ё чинӣ андохта, 2-3 соат дар ҷои салқин мегузоранд. Ба болои лаълиҳои деги манту ҳамаи гӯштрезаҳоро гузошта, мисли манту дар буғи об мепазанд. Агар деги манту набошад, ба деги муқаррарӣ каме об андохта, ба даруни он чамбараи филизиро тавре мегузоранд, ки он ба об пурра нағӯтад. Баъд ба рӯи лаълии якчанд сӯрохидошта ё дигар зарфи тӯрдор гӯштрезаҳоро чида, сарпӯши дегро мепӯшанд ва обро меҷӯшонанд. Баъди пухтан кабобро ба табақ кашида, ба рӯяш кабудии реза ва сирко мепошанд. Ба 1кг гӯшти лаҳм 200 г пиёз, 1 бандча кабудӣ, 1 қошуқ сирко ва мувофиқи табъ намаку адвиёт лозим аст. [1]

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Шовалиева М. История кулинарной культуры таджикского народа. – Душанбе: Дониш, 2015.
  • Энсиклопедияи мухтасари рӯзгордорӣ. – Душанбе, 1988

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]