Кабриолет
Кабриолет (фр. cabriolet) — дар маънои қадимӣ — аробаи сабуки якмеҳвара бо сақфи ҷамъшаванда, ки онро як асп мекашид; ба маънои имрӯза мошини сабукрави сақфаш ҷамъшаванда. К.-ҳои нахустин дар Фаронса дар ибтидои асри XIX пайдо шуданд. Дар муддати кӯтоҳ ин намуди нақлиёти мусофиркаши кироя аробаҳои нисбатан вазнинро аз истифода бароварда, дар Порис ва Лондон хеле маъмул гардид. Сақфи мошинҳои К.-и муосирро аз маводди нарм (аз винил ё матои канабӣ) ё сахт тайёр мекунанд. Ин К.-ҳоро, маъмулан, дар асоси бадана (кузов)ҳои седанҳо, хэтчбекҳо аксар вақт бо ду дар (баъзан бо чор дар) месозанд. Чунин намуди баданаро дар Аврупо «Cabriolet» («кабриоле»), дар Британияи Кабир «Drophead coupé» («купе бо сақфи поинраванда»), дар ИМА ва Австралия «Convertible» («тағйирёбанда») ном мебаранд. Солҳои 60 асри 20 бо сабаби зиёд шудани талаботи бехатарӣ К.-ҳо бо баданаи тарга (навъи баданаи мошин бо камонаки бехатарӣ ва шишаи қафои ниҳоят устувор) истеҳсол мешуданд. Нахустин амсилаи навъи мазкур Trimph TR4(1961) буд. Нимаи аввали асри 20 талабот ба чунин навъи мошинҳо бо спидстер хеле зиёд буд, вале тадриҷан бо сабаби нороҳатӣ дар фасли зимистон зарурати пӯшидани кулоҳ ҳангоми набудани шишаи аз шамол муҳофизаткунанда ва ғ. ширкатҳои хурду бузург баъзан теъдоди ками К.-ҳоро истеҳсол мекунанд.
Нигористон
[вироиш | вироиши манбаъ]-
Cadillac V-16 Sport Phaeton.
-
Ford Phaeton 1934.
-
Lancia D23 Spyder 1953.
-
Audi R8 Spyder.
-
Chrysler 300C Convertible.
-
Кабриолети Aurus Senat дар гузашти ҳарбӣ 9 майи соли 2019 дар Майдони Сурх.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Кабриолет // Исҳоқ — Кашиш. — Д. : СИЭМТ, 2020. — С. 195-197. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 9). — ISBN 978-99975-68-17-5.