Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Кадуиҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Кадуиҳо
Таснифи илмӣ
Салтанат:
Тартиб:
Оила:
Кадуиҳо
Номи илмӣ
Cucurbitaceae
Juss., 1789
Ҳаммаъно
  • Bryoniaceae (G.Mey.)
  • Cyclantheraceae (Lilja)
  • Nhandirobaceae (T.Lestib.), nom. illeg.
  • Zanoniaceae (Dumort.)

Кадуиҳо (лот. Cucurbitaceae) — оилаи рустаниҳои дупаллагӣ, рустаниҳои алафӣ, баъзан нимбутта ва дарахтии як ё духонагӣ. Гулҳои одатан якҷинсаи бештар пайвастабарги актиноморфӣ доранд. Мевааш - буттамева ё кадушакл, аксар вақт сертухм. Зиёда аз 100 ҷинс (қариб 1000 намуд)-и Кадуиҳо асосан дар минтақаҳои тропикӣ ва субтропикии ҳарду нимкура вомехӯрад. Дар Тоҷикистон қариб 10 намуди аз 6 ҷинс дучор мешавад. Зиёда аз 15 намуди кадуиҳо (харбуза, бодиринг, дастмолкаду, тарбуз, каду, патиссон ва ғайраҳо) парвариш карда мешаванд.