Кайқубодшоҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ёдмон
Кайқубодшоҳ

Кайқубодшоҳ — димнаи шаҳраки юнониву бохтарии мансуб ба асри III то мелод, ки дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Қӯрғонтеппа (ҳоло вилояти Хатлон) воқеъ гаштааст.

Кайкубодшоҳро солҳои 1950—1951 отряди археологии Қабодиён бо сардори М. М. Дьяконов тадқиқ намуд. Шаҳр росткунҷа: дарозии қисми шим. ва ҷан. 295 м, шарқӣ ва ғарбӣ 390 м к.- ро девори дуқабатаи бурҷдор иҳота мекард. Девори берунӣ нисбат ба девори дохилӣ ғафстар буда, масофаи байни онҳо 2,3-2,48 м. Гузаргоҳи болопӯши байни деворҳо ба гузарҳои аҳолинишин мебурд. Бурҷҳои Кайкубодшоҳ низ росткунҷа буданд. Кайкубодшоҳ ба ғайр аз 16 бурҷи кунҷӣ 11 бурҷи берунӣ ва 9 бурҷи дохилӣ дошт.

Девор ва бурҷҳои Кайкубодшоҳ аз похса ва хишти хом (33X 33X 11 см; 36Х 36Х 13см) бино ёфтаанд. Шаҳр чор дарвоза дошт. Дарвозаи шимоли бо бурҷҳои иловагии берун аз шаҳр мустаҳкам карда шудаанд. Тартиби ҷойгиршавии иншоот ва биноҳои шаҳр аз дараҷаи баланди санъати меъмории Бохтар шаҳодат медиҳад. Аз Кайкубодшоҳ маводу ашёи гуногуни археологӣ ёфт шудаанд. Онҳо аз мавҷудияти ҳаёт дар Кайкубодшоҳ дар замони кушониён ва давраҳои минбаъда шаҳодат медиҳанд.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Донишномаи Ҳисор -Душанбе: «Ирфон», 2015, — с.282