Кайхусрав

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Кай Хусрав)
Кайхусрав
Падар Сиёвуш
Модар Фарангис
Ишорашуда дар китоби Шоҳнома
 Парвандаҳо дар Викианбор

Кайхусрав (форсӣ: کیخسرو‎) — подшоҳи Эрон аз силсилаи Каёниён, фарзанди Сиёвушу Фарангис ва набераи Кайковус ва Афросиёб.

Мувофиқи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба ҷойи бобои худ Кайковус ҳангоми зинда будани вай ба тахти подшоҳӣ соҳиб гардид. Дар Авесто («Яштҳо») ҳамчун шоҳу паҳлавони номдоре дар даҳ маврид аз зиндагиву аъмоли ӯ ёд карда мешавад. Мувофиқи ривоятҳои зардуштия Кайхусрав намиранда ва ҷовид буд. Гӯё аз ҳамин сабаб Кайхусрав бо марги худ аз байн нарафт. Бо чанде аз паҳлавонони Эрон ба кӯҳе равона гардид ва дар он ҷо ба ғоре даромада, беному нишон нопадид шуд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. Ҷ.1. — Душанбе, 1963;