Кака (Туркманистон)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Шаҳр
Кака
туркманӣ: Kaka
Кишвар Туркманистон
Координатаҳо 37°21′00″ а. шим. 59°36′00″ т. ш.HGЯO
Аҳолӣ 19 000 нафар (2007)
Ҳайати миллӣ туркманҳо, русҳо
Ҳайати динӣ мусулмонони ҳанафимазҳаб
Коди телефон +993 137
Нишонаҳои почта 745205
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
Кака дар харитаи
Кака
Кака

Кака (туркманӣ: Kaka) - шаҳр, маркази маъмурии этрапи Какаи вилояти Ахали Туркманистон аст.

Таърих[вироиш]

Дар охири асри XIX, ин маҳал Каахк номида мешуд ва шаҳри оддии уезди Теҷен аз вилояти Каспий, маркази маъмурии водии Атек буд.

Соли 1918 дар наздикии Каахк, муқовимати болшевикон бо меншевикон ва низомиёни Бритониё баргузор шуд [1].

Наздики шаҳри Кака дар ҳудуди ёдгории таърихӣ ва фарҳангии «Абиверд" харобаҳои шаҳри асримиёнагии Абивард ва ёдгориҳои асри санг (давраи неолит) ёфт шудаанд[2].

Дар солҳои 30-юм онро Гинсбург меномиданд [3] . Ин шаҳраки типи шаҳрӣ буд ва маркази вилояти Каахкии вилояти Ашқободи ҶШС Туркманистон буд.

5 майи соли 1993 Каахка ба Кака иваз карда шуд. 29 апрели соли 2016 ба шаҳрак мақоми шаҳр бо ҳуқуқи этрап дода шуд [4].

5 январи соли 2018, бо як қарори парлумони Туркманистон, мақоми Кака аз шаҳре бо ҳуқуқи этрап ба шаҳр дар дохили этрап иваз карда шуд [5] .

Ҷуғрофия[вироиш]

Кака лар пойгоҳи Копетдог, 129 км ҷанубу шарқи Ашқобод ҷойгир аст. Истгоҳ дар роҳи оҳани Ашқобод - Марям мавҷуд аст.

Аҳолӣ[вироиш]

Соли 1897 дар шаҳр 701 нафар зиндагӣ мекарданд, аз ҷумла: 38% - русҳо ; 27% украинҳо; 17% форсҳо; 7% - туркманҳо ; 5% - арманиҳо ; 2% полякҳо; 2% тоторҳо [6].

Саноат[вироиш]

Дар ш. Кака як корхонаи пахтатозакунии пахта мавҷуд буд [7].

Адабиёт[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Transcaspia(пайванди дастнорас — таърих). Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 май 2007.
  2. В Туркменистане обнаружена мастерская глиняных амулетов эпохи энеолита(рус.). tass.ru(пайванди дастнорас — таърих). 15 июни 2020 санҷида шуд.
  3. Административно-территориальное деление Союза ССР. Краткий справочник на 1 сентября 1935 года. / ЦИК СССР. Москва. Власть Советов, 1935 год. XXXII, 466, [6 c.].
  4. На выездном заседании правительства обсуждены актуальные вопросы развития Ахалского велаята. ИП "Туркменинформ" (1 май 2016). 1 май 2018 санҷида шуд.
  5. Парламент Туркменистана внёс изменения в административно-территориальное деление Ахалского велаята(рус.). Информационный портал Туркменистана «Turkmenportal» (5 январи 2018). 1 май 2018 санҷида шуд.
  6. Демоскоп Weekly — Приложение. Справочник статистических показателей(рус.). demoscope.ru(пайванди дастнорас — таърих). 15 июни 2020 санҷида шуд.
  7. Каахка // Большая советская энциклопедия : [в 30 т.] / гл. ред. А. М. Прохоров. — 3-е изд. — М. : Советская энциклопедия, 1969—1978.