Калисои Пётри Муқаддас
Калисои Пётри Муқаддас (лот. Basilica Sancti Petri, итол. Basilica di San Pietro) — калисои католикӣ, созаи марказӣ ва бузургтарини Ватикан, дуюмин калисои бузурги масеҳӣ дар ҷаҳон аз назари масоҳат (пас аз калисои Нотр-Дам-де-ла-Пэ) аст.
Меъморӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин калисо, ки ба таври куллӣ тавассути Донато Браманте, Микеланҷело, Карло Мадерно ва Ҷан Лорентсо Бернинӣ тарроҳӣ шудааст, маъруфтарин асари меъмории Ренессанс аст.
Зербинои ин калисо наздик ба 200 ҳазор метри мураббаъ аст ва ҳаккориҳову муҷассамаҳои сақфи он асари Микеланҷело мебошад. Сохти ин калисо 120 сол тӯл кашид.
Нуктаи ҷолиб ин ки, нақшаи ҳавоии сохтмонҳои калисои Сан-Пиетро ба шакли як калид тарроҳӣ шудааст, ки рамзи калиди биҳишт маҳсуб мешавад ва муҷассамаҳои ҳавориюни Масеҳ низ ба шакли нимдоира дар атрофи дари вурудии ин калисо насб шудаанд.
Бар асоси ақидаи роиҷ дар католик, ин калисо маҳалли дафни Петри Муқаддас, яке аз ҳавориюни Масеҳ ва аввалин поп аст. Шавоҳиди таърихӣ ва ақидаи роиҷ ҳокӣ аз онанд, ки мақбараи Петри Муқаддас мустақиман зери меҳроби калисо қарор дорад. Ба ҳамин далел, теъдоди зиёде аз попҳо, аз садри масеҳият то кунун, монанди поп Иоанн Павели II, ки чанд сол пеш фавт кард, дар зерзамини ин калисо дафн шудаанд. Аз замони Константини Бузург, императори Рум, калисое дар ин макон қарор доштааст. Сохти базиликаи ҳозир, ки ҷойгузини базиликаи қадимии асри чоруми мелодӣ шудааст, аз таърихи 18 апрели соли 1506 оғоз шуд ва дар 18 ноябри соли 1626 ба поён расид.
Ҳарсола байни 15 000 то беш аз 80 000 нафар барои ширкат дар маросимҳои мухталиф, дар майдони Сан-Пиетро ё дохили базилика ҷамъ мешаванд.
Аз назари меъморӣ, ин калисо бузургтарин бинои даврони худ маҳсуб мешавад. Базиликаи Сан-Пиетро яке аз чаҳор базиликаи Рум аст, ки унвони базиликаи аъзамро доро мебошад. Бархилофи тасаввури роиҷ, ин калисо як калисои ҷомеъ нест; чаро ки маҳалли иқомати поп нест. Маҳалли иқомати поп (ба унвони епископи Рум) дар базиликаи Иоанни Муқаддаси Латеран қарор дорад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Vasari G. Vies des peintres, sculpteurs et architectes (фр.) / L. Leclanché — Paris: 1841. — Vol. 1. — P. 356.
- ↑ Vasari G. Vies des peintres, sculpteurs et architectes (фр.) / L. Leclanché — Paris: 1841. — Vol. 2. — P. 192.
- ↑ Vasari G. Vies des peintres, sculpteurs et architectes (фр.) / L. Leclanché — Paris: 1841. — Vol. 2. — P. 220.
- ↑ Vasari G. Les Vies des meilleurs peintres, sculpteurs et architectes (фр.) / A. Chastel — Arles: Actes Sud, 2005. — Vol. 1. — P. 59.
- ↑ Vasari G. Lives of the Most Excellent Painters, Sculptors, and Architects (ингл.) / E. Foster — Henry George Bohn, 1850. — Vol. 1. — P. 18.
- ↑ Vasari G. Les Vies des meilleurs peintres, sculpteurs et architectes (фр.) / C. Weiss — Paris: 1903. — Vol. 1. — P. 420.
- ↑ Vasari G. http://www.memofonte.it/home/files/pdf/vasari_vite_giuntina.pdf (итол.) — 2 — Firenze: 1568. — Vol. 1. — P. 414.
- ↑ Vasari G. Les Vies des meilleurs peintres, sculpteurs et architectes (фр.) / C. Weiss — Paris: 1903. — Vol. 1. — P. 363.
- ↑ 9.0 9.1 archINFORM (нем.) — 1994.