Фақр

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Камбағал)

Фақр, тиҳидастӣ ё тангдастӣ — ба маънои вазъиятест, ки фард аз надоштани маблағ ва зиндагии вазнин ба худ мегирад[1].

Фақр аз решаи Pauper меояд, ки бо Paucus ва юнонии Pénes таъриф мешавад[2].

Фақри мутлақ[вироиш | вироиши манбаъ]

Мақолаи асосӣ: Фақри мутлақ

Фақри мутлақ ба ин ки фард ба ниёзҳои ибтидоии зиндагӣ дастрасӣ надошта бошад, ишора дорад[3]. Яъне чизҳои монанди оби тоза, омӯзиш, пӯшок ва сарпаноҳ. Имрӯз дар ҷаҳон тахминан 1,8 миллиард нафар дар фақри мутлақ зиндагӣ мекунанд.

Фақри нисбӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Фақри нисбӣ ба надоштани сатҳи маъмулӣ дар муқоиса бо дигар афроди ҷомеае, ки тавоноӣ дорад. Афроде, ки бо фақри нисбӣ ба сар мебаранд, «мувофиқи ҳисобҳо 38, 3 дарсадро ташкил мекунад. Ба ин табақаи аҳолӣ он нафароне дохил мешаванд, ки даромадашон ба ҳар аъзои оила дар як рӯз аз 2 доллару 15 сенти амрикоӣ камтар аст»[4].

Сатҳи зиндагӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сатҳи зиндагӣ истилоҳест, ки барои нишон додани ҳудуди масрафҳои моддӣ ва маънавии аҳолии як кишвар ба кор меравад. Сатҳи зиндагӣ ба мизон ва чигунагии баровардани ниёзҳои моддӣ ва маънавӣ бастагӣ дошта ва дар сохторҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳар кишвар бастагӣ дорад. Сатҳи зиндагӣ мустақиман ба тавлиди иҷтимоӣ, даромади аҳолӣ, танзими молҳои баланд сифат ва камсифат ва чигуна бартараф кардани ниёзҳои фарҳангӣ ва беҳдоштӣ вобаста аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. poverty | Definition, Causes, Types, & Facts(англ.). Encyclopedia Britannica. 5 августи 2020 санҷида шуд.
  2. Marc Henry، Paul. Фақр, пешрафт ва тавсеа /тарҷумаи Масъуд Муҳаммадӣ/, Теҳрон: Муассисаи чоп ва интишороти вазорати умури хориҷа. Саҳ, 80.
  3. Krugman, Paul, and Robin Wells. Macroeconomics. 2. New York City: Worth Publishers, 2009. Print.
  4. Фақр чист ва нодор кист?(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 5 августи 2020 санҷида шуд.