Камолиддин Аҳмадов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Камолиддин Аҳмадов
Санаи таваллуд:

21 ноябр 1926(1926-11-21)

Зодгоҳ:

деҳаи Понғози ноҳияи Ашт

Санаи марг:

12 октябр 1988(1988-10-12) (61 сол)

Маҳалли марг:

Душанбе

Мамлакат:

 Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

кишоварзӣ

Дараҷаи илмӣ:

доктори илмҳои кишоварзӣ

Алма-матер:

Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (1954)

Ҷоизаҳо:

Аълочии хоҷагии қишлоқи СССР (1982)
Зоотехники хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1974)

Камолиддин Аҳмадов (21 ноябри 1926, деҳаи Понғози ноҳияи Ашт12 октябри 1988, Душанбе) — зоотехник-селексионер, доктори илмҳои кишоварзӣ (1987), Аълочии хоҷагии қишлоқи СССР (1982), Зоотехники хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1974).

Зиндагинома[вироиш]

Баъди хатми факултети зоотехникии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (1954) сарзоотехники ноҳияи Ашт (1954–55), сарзоотехники МТС ва хоҷагии Оқолтини ноҳияи Шаҳритус (1955–59) буд. Аспиранти Институти умумииттифоқии чорводорӣ (1959–62), х. к. илмии Институти таҳқиқоти илмии чорводории ҶШС Тоҷикистон (1963–71), мудири Шуъбаи тоҷикистонии Институти умумииттифоқии таҳқиқоти илмии қарокӯлпарварӣ (1971–88). Аҳмадов муаллифи зиёда аз 70 асару мақолаи илмист, ки ба масъалаҳои парвариш, беҳтар кардани зот, борварӣ ва селексияи гӯсфанди қарокӯлӣ дар шароити чарогоҳи кӯҳӣ ва ғайра оиданд. Ширкаткунандаи Симпозиуми якуми байналмилалии қарокӯлпарварӣ (Руминия, 1971), Симпозиуми байналмилалии қарокӯлпарварии кӯҳӣ (Венгрия, 1973).

Мукофоту медалҳо[вироиш]

Бо медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Осор[вироиш]

  • Селекционно-племенная работа Госплемзавода «Кабадиан». Д., 1979;
  • Каракулеводство Таджикистана. Д., 1980;
  • Рекомендации по племенной работе в каракулеводстве Таджикистана. Д., 1981;
  • Русско-таджикский и Таджикско-русский терминологический словарь по каракулеводству. Д., 1982;
  • Рекомендации по совершенствованию серых каракульских овец в Таджикистане. Д., 1987.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Азимов Н. Симои Ашт. Д, 2001.

Сарчашма[вироиш]