Камолиддин Баротов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Камолиддин Баротов
Камолиддин Ашурович Баротов
Таърихи таваллуд 27 апрел 1959(1959-04-27) (64 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ҳамадонӣ
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ биология
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои биология
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Ҷоизаҳо ордени «Шараф» (1999)

Камолиддин Ашурович Баротов (тав. 27.04.1959, деҳаи Саричашмаи ноҳияи Москва (имрӯза ноҳияи Ҳамадонӣ) — биологи тоҷик, номзади илмҳои педагогика (2007), дотсент (2008).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1976–1981 дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко таҳсил кардааст. Солҳои 1981–1991 муаллими биология ва химияи мактаб-интернати №13-и ноҳияи Москва, 1991–2001 муаллими биология ва химияи мактаб-интернати ноҳияи Шӯробод, 2001–2003 ассистенти кафедраи зоология, 2003–2008 муаллими калони кафедраи методикаи таълими биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ буд. Аз соли 2008 дотсенти кафедраи биологияи умумӣ ва методикаи таълими биологияи донишгоҳи номбурда мебошад. Ҳамчунон солҳои 2003–2010 вазифаи муовини декани факултети биология оид ба таълимро ба уҳда дошт. Айни ҳол вазифаи мудири кафедраи биологияи умумӣ ва методикаи таълими биологияро дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба уҳда дорад. Муаллифи якчанд дастурҳои таълимиву методӣ, зиёда аз 42 мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ ва оммавӣ мебошад. Дар таълифотҳояш масъалаҳои алоқамандии байнифаннии таълими биологияро бо дигар фанҳо мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор додааст. Бо ифтихорномаҳои Вазорати маорифи ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1992) ва ордени «Шараф» (1999) сарфароз гардонида шудааст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Тарбияи эстетикӣ дар дарсҳои биология, Кӯлоб,1992;
  • Ҳалли масъалаҳои генетикӣ, Кӯлоб, 1993;
  • Корҳои беруназсинфӣ аз биология, Д., 2003;
  • Ҳалли масъалаҳои биологӣ, Д., 2006;
  • Ҳалли масъалаҳои экологӣ ва биологӣ, Д., 2008;
  • Генетика, Д., 2009.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]