Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Камолии Шибирғонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Камолии Шибирғонӣ

Камолии Шибирғонӣ (форсӣ: کمال شبرغانی‎; қарни XVI) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мувофиқи маълумоти «Тазкирату-ш-шуаро»-и Мутрибӣ, дар Бухоро таҳсил карда, улуми мутадовилаи давраашро омӯхтааст. Аз ҷумлаи шоиронест, ки Мутрибӣ ӯро дида ва мулоқот карда будааст. Аз осораш абёти пароканда боқӣ мондаанд, ки аз маҳорати ӯ дар гуфтани ғазал, рубоӣ ва дигар анвои шеър гувоҳанд. Рубоие навишта, даъво доштааст, ки ба он касе ҷавоб гуфта наметавонад. Мутрибӣ ба рубоии ӯ ҷавоб гуфтааст.

Ғазали зер аз ӯст:

Монеи роз гарчи шуд ғайр зи бим доданаш,
Шукр, ки нест завқро ҳоҷати лаб кушоданаш.
Баст раҳи карашмаву ишваву нозу ҷилваро,
Дидану ханда кардану гаштану истоданаш.
Карда ба марг рухсату дода ҳидояти бало,
Аз сари хашм дидану пой ба кин ниҳоданаш.
Он, ки ба шавқ дар ҷафо ҷон насупорад аз вафо,
Баҳри чӣ кор бояд аз модари даҳр зоданаш.
Карда ба тӯтиё тараф хоки Камолӣ аз шараф,
Соясифат ба хоки раҳ дар пайи ӯ фитоданаш.