Камолуддини Форсӣ
ар. کمالالدین فارسی[1] | |
Таърихи таваллуд | тақрибан 1260[2] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 12 январ 1319[3] |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | назарияи ададҳо[d] ва нуршиносӣ |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Камолуддин Ҳасан ибни Алӣ ибни Ҳасани Форсӣ (форсӣ: كمالالدين حسن بن علی بن حسن فارسی; тақрибан 1260[2], Табрез — 12 январ 1319[3], тахм. Табрез, Элхониён[d][2][4][3]) — риёзидон, ахтаршинос, кимиёдон ва физикдони форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аҳли Форс буд. Назди Қутбуддини Шерозӣ дарс хонд ва мавриди таваҷҷуҳи вай қарор гирифт. Дар ҷавонӣ ба сафарҳо рафт ва аз дарсу баҳси бузургон баҳраи бисёр бурд. Форсӣ осори тоза ва мондагоре дар риёзиёт ва нуршиносӣ аз худ ба ҷо гузоштааст. Ғиёсуддин Ҷамшеди Кошонӣ аз вай бо унвонҳои Имом, Фозил ва Муҳаққиқ ёд мекунад. Муҳимтарин асари риёзии Форсӣ рисолаи «Тазкирату-л-аҳбоб фӣ баёни-л-тиҳоб» аст. «Асосу-л-қавоид фӣ усули-л-фиқарот», рисолаи «Баҳс дар зовия» (дар риёзиёт), китоби «Танқеҳу-л-манозири лазвии-л-абсор ва-л-басоир» ва китоби «ал-Басоир фӣ илми-л-манозир» (дар нуршиносӣ) аз дигар осори ӯ ҳастанд. Форсӣ китобҳои нуршиносии худро бо роҳнамоии устодаш Қутбуддини Шерозӣ навишта аст. «Танқеҳу-л-манозири лазвии-л-абсор ва-л-басоир» ба нақд, баррасӣ ва ислоҳи назариёти нуршиносии Ибни Ҳайсам ихтисос дорад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Record #74700596, Record #205028134, Record #129158790735938852256 // VIAF(бис.) — [Dublin, Ohio]: OCLC, 2003.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 Архив по истории математики Мактьютор — 1994.
- ↑ 3.0 3.1 3.2 3.3 https://www.jstor.org/stable/20617660 — С. 125.
- ↑ 4.0 4.1 (unspecified title) — Детройт: Charles Scribner's Sons, 2008. — ISBN 978-0-684-31559-1
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- A.G. Agargün and C.R. Fletcher, «al-Farisi and the Fundamental Theorem of Arithmetic», Historia Mathematica, 21 (1994), 162—173.