Камолуддини Ҷамол
Камолуддини Ҷамол | |
Таърихи таваллуд | 1075 |
Зодгоҳ | ш. Марв |
Таърихи даргузашт | 1118 |
Пеша(ҳо) | навозанда,сароянда |
Камолуддини Ҷамол (с. тав. 1075, Марв, с. ваф. 1118, Марв), сароянда, навозанда (барбатӣ), хаттот ва шоири тоҷик-форс. Зодаи Марв ва бинобар ба ахбори манобеи хаттӣ дар зодгоҳаш фавтидааст. Аз овони ҷавонӣ ба сознавозӣ, омӯзиши асосҳои назарии мусиқӣ пардохта, бинобар ба ахбори «Лубобу-л-албоб…» (Муҳаммад Авфии Бухороӣ) «дар сознавозӣ ва овозхонӣ аъҷуби даҳр ва нодири Мовароуннаҳр». Муддате дар дарбори хонҳои салҷуқӣ Барқиёруқ (1094-1104) чун хаттот ва ромишвар хидмат кардааст. Низо-мии Арӯзии Самарқандӣ («Чаҳор мақола») ҳам ӯро аз нобиғони мусиқӣ (барбатӣ) дониста, дар мусиқии илмӣ (дар илми назарӣ вуқуфи тамом дошта) ба таълифоти мусиқии Уқлидус, Форобӣ, Ибни Сино тавзеҳоти ҷолибе ҳам доштааст.
Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]
Низомӣ Арузии Самарқандӣ, Чаҳор мақо-ла, Душ., 1986; Муҳаммад Авфии Бухороӣ, Лубобу-л-албоб…, Лондон, 1903-1906; Маҳмуди Гардезӣ, Зай-нулахбор, Теҳрон, 1346; Машҳун Ҳ. Таърихи мусиқии Эрон, ҷ.1, Теҳрон, 1376; Раҷабзода А. Мусиқӣ дар тамаддуни Сомониён, Душ., 2000; Энциклопедияи ада-биёт ва санъат, ҷ.1, Душ., 1988.[1]
Ҳамчунин нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]
Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 94 ISBN 978-99947-49-13-3
![]() |
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |