Камолуддин Ҳусайни Гозургоҳӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Камолуддин Ҳусайни Гозургоҳӣ

Мир Камолуддин Ҳусайни Гозургоҳии Ҳиравии Тибсӣ (форсӣ: کمال الدین حسین گازرگاهی هروی طبسی‎; ? — 1502) — адиб ва орифи тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Ҳирот мезист ва таҳти ҳимояту мулозимати Алишери Навоӣ қарор дошт. Шахси таҳсилдида, воқиф аз улуми мутадовили давр буд. Шеър низ мегуфт. Дар замони Султон Яъқуб Мирзо Оққуюнлу аз вилояти Табас ба Озарбойҷон рафт ва таҳти ҳимояти вай зиндагӣ мекард. Замоне ки ба Ҳирот бозгашт, Султон Ҳусайни Бойқаро умури шайхию волигии мавқуфоти мазори Ҳазрати Хоҷа Абдуллоҳи Ансориро ба ӯ супурд. Соли 1499 мансаби садорат ва расидагӣ ба матолиби додхоҳон ба вай вогузор шуд. Камолуддин Ҳусайни Гозургоҳӣ шогирди Ҷомӣ буд ва дар ақоиди орифонаву шоирона ба мактаби Аҳмади Ғаззолӣ низ таваҷҷуҳ дошт. Шарҳе бар «Манозилу-с-сойирин»-и Абдуллоҳи Ансорӣ" аз таълифоти ӯст. Машҳуртарин асари Камолуддин Ҳусайни Гозургоҳӣ тазкираи «Маҷолису-л-ушшоқ» (дар боби тасаввуф; таълифаш 1502) мебошад, ки ба Султон Ҳусайни Бойқаро пешкаш гардид ва баъдан ба номи ӯ дар Ҳинд ба чоп расид. Аз ин ҷост, ки ин асарро ба Султон Ҳусайни Бойқаро нисбат медиҳанд. Аз Камолуддин Ҳусайни Гозургоҳӣ абёти пароканда дар тазкираҳо ба назар мерасанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Гозургоҳӣ Мир Камолуддин Ҳусайни Ҳиравии Тибсӣ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.