Камол (гиёҳ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Камол
Камол
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Ferula L., 1753
Мутародифот
Таксонҳои хоҳар

Камол, кумот (лот. Ferula)  — номи умумии чанд навъ гиёҳи бисёрсола.

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз 2 то 3 м қад мекашанд. Решааи ғафси сергӯшт, пояаи дарунковок, баргҳои бурришнок, тӯдагули чатршакл, гулҳои майдаи зард ё сафедча доранд, тухмашое байзашакл буда, аз ду нима иборат аст.

Дар Тоҷикистон қариб 40 намуди он мерӯяд. Камолро метавон дар маҳалҳои кӯҳсор дучор омад.

Рошак (Ferula primaeva ), касруф (Ferula Eugenii), ров (Ferula foetidissima) мансуби ҷинси камол мебошанд[2].

Корбурдҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз камол зифт, самғ, эфир, дору ва ғайра мегиранд, масалан, ассафетида, галбан, сапаген, аммониакум ва ғайра. Ассафетида, ки аз Ferula assa-foetida ҳосил мекунанд, барои муолиҷаи бемориҳои асаб истифода мешавад.

Хосиятҳои шифоӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар тиб доруҳои аз камол ҳосилшударо барои табобати бемориҳои дил, меъда, истерия, неврозҳо, сил, илтиҳоби ғадудҳои лимфагузар истифода мебарнд. Аз рӯи мушоҳидаҳои чорводорон, аз истемоли рустании камол дар аввали фасли баҳор аз бадани чорво тамоми кирму паразитҳо дур мешавад.

Мақоми ҳифз[вироиш | вироиши манбаъ]

Мутаасифона солҳои охир новобаста аз манъ намудани ҷамъоварии он, ба таври ғайриқонунӣ ва ғоратгарона шираи камол ҷамъоварӣ карда шуда истодааст. Ин амали номатлуб метавонад рустании камолро пурра дар Тоҷикистон ба нестӣ расонад ва наслҳои ояндаро аз фоидаи ин рустанӣ маҳрум созад. Растании камол эҳтиёҷ ба муҳофизат дорад. Аз ин рӯ ба нестшавии он роҳ додан лозим нест[3].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Об условности указания класса двудольных в качестве вышестоящего таксона для описываемой в данной статье группы растений см. раздел «Системы APG» статьи «Двудольные».
  2. Энсиклопедияи Мухтасари Тиб. Ҷилди II. Д.: СИ ЭМТ, 2011. — С. 341. — 512 с. — ISBN 978-99947-33-44-6
  3. Камол(тоҷ.). Инсон ва табиат. 19 июни 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 сентябри 2020.