Камол Абдуллоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Камол Абдуллоев
Абдуллоев Камол Наҷмиддинович
Санаи таваллуд:

21 феврал 1950(1950-02-21) (70 сол)

Зодгоҳ:

деҳаи Навобод, ноҳияи Ғарм

Фазои илмӣ:

таърих

Дараҷаи илмӣ:

доктори илмҳои таърих (1993)

Алма-матер:

Универиситети давлатии Тоҷикистон (1972)

Камол Абдулло́ев (Абдуллоев Камол Наҷмиддинович; тав. 21 феврали 1950, деҳаи Навобод, ноҳияи Ғарм) — муаррих, доктори илмҳои таърих (1993).

Зиндагинома[вироиш]

Хатмкардаи факултети таърихи УДТ (1972), аспиранти Институти таърихи СССР-и АИ СССР (Москва, 1981). Корманди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ РСС Тоҷикистон ба номи Аҳмади Дониш (1975 – 89), муҳаққиқи Институти тадқиқоти сиёсӣ (собиқ Институти таърихи ҳизби коммунисти Тоҷикистон), устоди ДМТ (1975 – 93). Аз соли 1993 муҳаққиқ ва пажӯҳишгари мустақил, тарроҳ ва ширкаткунандаи чандин барнома ва тарҳҳои илмӣ-пажӯҳишӣ дар марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва донишгоҳҳои ШМА, Англия, Канада ва кишварҳои дигар. Аз соли 1955 Абдуллоев ба ҳайси муҳаққиқ ва профессор улуми таърих ва муносибатҳои байналмилалӣ бо донишгоҳҳои ШМА ҳамкорӣ дошт. Тадқиқот ва пажӯҳишҳои Абдуллоев асосан ба мавзӯъҳои таърихи нави давлатҳои Осиёи Марказӣ (аз ҷумла Тоҷикистон ва Ӯзбекистон), таҳаввулоти сиёсӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон дар даҳаҳои охир, муносибатҳои байналмилалӣ ва муҳоҷират бахшида шудаанд.

Осор[вироиш]

  • Оружием печатного слова, Д., 1989;
  • Луғати таърихи Тоҷикистон, Лондон, 2002 (ба заб. англисӣ, ҳаммуаллиф; Политика компромиссасри Мирный процесс в Таджикистане (Accord, вып. 10), Лондон, М., 2001;
  • Насколько прочен мир в Таджикистане пять лет спустя после подписания соглашения, Лондон, 2003.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]