Канизаки Мутриба

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Канизаки Мутриба
Канизаки Мутриба
Зодгоҳ ш. Бухоро
Пеша(ҳо) навозанда,сароянда

Канизаки Мутриба (с.тав. номаълум, Бухоро-Балх, с.ваф. номаълум, Ғазна-Бухоро), сароянда, навозанда(барбатӣ), раққосаи номии замони Ғазнавиён (962-1186).Зиндагӣ, фаъолияти эҷодии К.М. дар Бухоро, Ғазна (асосан дар дар-бори Маъсуди Ғазнавӣ) сурат гирифта, дар иҷрои таснифоти мавсимӣ, маросимӣ, навҳахонӣ, осори ҳамосӣ шуҳрат ёфта, ҳамкории ҳунарӣ бо Абдурраҳмони Қаввол, Ситтии Заррин дошт. Султон Масъуди Ғазнавӣ барои рақс ва сурудҳои Канизаки Мутриба туҳфаҳои қимматбаҳо инъом менамуд ва дар радифи аввалини ромишгарони дарбораш пазируфта ва ҳатто замони зиндонӣ буданаш аз ҳунари ӯ баҳравар будааст.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Байҳақӣ, Таърихи Байҳақӣ, Теҳрон, 1346; Нафисӣ С., Таърихи назму наср…, Теҳрон, 1344; Деҳ-худо, Фарҳанги Деҳхудо, Теҳрон, 1377; Фарҳанги Ра-шидӣ, Теҳрон, 1958; Фарҳанги форсӣ, Теҳрон, 1963; Фарҳанги Амид, Теҳрон, 1966.[1]

Ҳамчунин нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 95 ISBN 978-99947-49-13-3