Jump to content

Капелла

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Акапелла

Капелла (ит. cappella – калисои хурд), 1) ибодатхонаи хурди католикон ва англисҳо. Ҷойи махсус барои ибодати аҳли оилаи ашрофон ва сарояндагони хор; 2) хори сарояндагон. Капелла дар ҳамовозӣ бо созҳои мусиқӣ ва бе ҳамовозии онҳо иҷро мешавад.

Капеллаи бе ҳамовозии созҳои мусиқӣ иҷрошавандаро А’капелла (a cappella) меноманд. Капелла аввал хусусияти мусиқии вокалӣ дошт. Баъдан, дар натиҷаи такомули созҳои мусиқӣ Капелла ба ансамбли муштараки сарояндагону навозандагон табдил ёфт.

Ба Капеллаҳои ҷудогона комозиторони барҷаста монанди И.С. Бах, Й. Ҳайдн ва дигарон роҳбарӣ мекарданд. Дар Русия Капелла аз садаи XVIII (асосан дар хонадони сарватмандон) паҳн шудааст. Капеллаи сарояндагони дарборӣ аз қабили Капеллаҳои машҳуртарин буд, ки дар он Д.С. Бортянский, М.И. Глинка, Н.А. Римский-Корсаков, М.А. Балакирев ва дигарон кор кардаанд. Дар гузашта бисёр оркестрҳои шаҳрӣ, дарборӣ ва театрҳо номи Капелларо гирифта буданд. Дар ИҶШС баъзе дастаҳои иҷрокунандагонро низ Капелла меномиданд (мас., Капеллаи бандуранавозони Украина).[1]

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.185. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)