Карбосбофӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Карбосбофӣ (порсӣ: کرباسبافی ) – Карбос яке аз маъмултарин матоъҳо дар Осиёи Миёна ба шумор мерафт. Онро қариб дар ҳамаи шаҳру деҳот мебофтанд. Карбос матои сафеди ҳамвор буд, ки аз он либоси занона, куртаву шалвори мардона медўхтанд. Карбосро инчунин барои миёнбанд, дастор, пайтоба ва ғайра низ истифода мебурданд. Карбосро аз нахи пахтагин бофта, ба тарзи махсус онро дар об ҷўшонида, оҳар медоданд. Ғафсии тору пуди карбос баробар буданд. Нойчаи пуди онро низ дар об тар мекарданд. То охирҳои асри XIX карбосҳои иборат аз 5 банд, яъне 1000 нах бофта мешудаанд, ки номи он панҷӣ буд. Аммо карбосҳои маъмулӣ дорои ду банд (200 нах) буданд. Карбосе, ки аз 200 нах иборат бошад, онро дубанда ва карбосҳои дорои 250 нахро дурбанда меномиданд. Дар гузашта аз сўрохии ҳар як шона дуто нах мегузарониданд, ки ҷафсии матоъ чандон хуб намешуд. Матоъи тайёршударо бо болғаи суфтакунанда мекўфтанд. Ин корро худи бофанда иҷро мекард. Карбос навъҳои сафед ва малла дошт. Нахи карбоси малларо аз пахтаи зардчаранг тайёр мекарданд, ки барои тору пули матоъ ба кор мерафт. Дар Хуҷанд бо роҳи рангдиҳӣ карбосҳои сурху кабуд низ истеҳсол менамуданд. Ранги онҳоро рангрезон бо супориши бофандаҳо анҷом медоданд. Дар Ғарм карбоси бо рахҳои сафеди барҷастаро «къртачӣ» меномиданд, ки он барои куртаҳои занона ба кор мерафт. Карбоси маллагиро бофандаҳои ғармӣ бо рахҳои хурд ва панҷара ороиш медоданд, ки аз он бештар либосҳои мардона ва курапаворӣ дўхта мешуданд. Барои ранг кардани матоъҳо, аз ҷумла карбос, пештар рангҳоро аз растаниҳо тайёр мекарданд, аз охири садаи XIX рангҳои анилинӣ пайдо шуданд. Карбосбофӣ дар шаҳру вилоятҳои тоҷикнишин то ба ҳамроҳшавии Осиёи Миёна ба ҳайати Русияи подшоҳӣ хеле густариш ёфта буд. Махсусан, пас сохтани роҳи оҳан навъҳои зиёди матоъ аз Русия оварда шуда, ба ҳамаи нуқтаву канори Бухорои Шарқӣ паҳн гашт. Ин ҳодиса сабаб шуд, ки касби бофандагӣ дар ин сарзамин тадриҷан таназзул ёфта, матоъҳои маҳаллӣ мавқеи худро ба газворҳои дар фабрикаҳо бофташудаи содиротӣ диҳанд. [1]

Нигаред[вироиш]

Бофандагӣ

Манбаъ[вироиш]

  1. Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. – Душанбе, 2014. – С. 14 -15.