Абдуназар Каримов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдуназар Каримов
Абдуназар Абдураҳимович Каримов
Таърихи таваллуд 16 июл 1965(1965-07-16)
Зодгоҳ ноҳияи Фархор, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 12 июл 2006(2006-07-12) (40 сол)
Маҳалли даргузашт ноҳияи Фархор
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ сиёсатшиносӣ
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои сиёсатшиносӣ
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Абдуназар Абдураҳимович Каримов (16.07.1965, деҳаи Навободи ноҳияи Фархор — 12.07.2006, ноҳияи Фархор) — сиёсатшинос, номзади илмҳои сиёсӣ (2001), дотсент (2002).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1990 факултети географияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро хатм кардааст. Солҳои 1990—1994 муаллими мактаби таҳсилоти умумии № 25 ш. Душанбе, 1994—1997 аспиранти кафедраи сиёсатшиносӣ, 1997—2003 ассистент, муаллими калони кафедраи сиёсатшиносӣ, 2003—2005 муовини декани факултети таърих оид ба тарбия, 2005—2006 декани факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буд. Муаллифи зиёда аз 30 мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад. Оид ба масъалаҳои ташаккулёбии сиёсати экологӣ кори илмӣ бурдааст.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]