Jump to content

Карл Фридрих Гаусс

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Карл Фридрих Гаусс
олмонӣ: Carl Friedrich Gauß
Таърихи таваллуд 30 апрел 1777(1777-04-30)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 23 феврал 1855(1855-02-23)[1][2][3][…] (77 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ назарияи ададҳо[d], алгебра, таҳлили риёзӣ[d], ҳандасаи дифференсиал, electrostatics[d], нуршиносӣ, риёзиёт[9], механика, ахтаршиносӣ[9], заминсанҷӣ, физик[9] ва электромагнетизм[d][9]
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори фалсафа[d][10] (1799)
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Johann Friedrich Pfaff[d][11]
Шогирдон Farkas Bolyai[d], August Ferdinand Möbius[d], Johann Peter Gustav Lejeune Dirichlet[d], Gustav Kirchhoff[d], Heinrich Christian Schumacher[d][10] ва Gustaf Svanberg[d][10]
Ҷоизаҳо
Имзо Имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Иоҳанн Карл Фридрих Гаусс (олмонӣ: Johann Carl Friedrich Gauß; 30 апрел 1777, Брауншвейг — 23 феврали 1855 Гёттинген) — риёзидон, механик, физикдон, ахтаршинос ва заминсанҷи олмонӣ.[12]

Барандаи Ҷоизаи Копли (1838), Узви Ҷамъияти Салатанатии Лондон (1804), Узви хориҷии хориҷии АИ Порис (1820)[13] ва АИ Суэд (1821), узви хориҷии мукотиба (1802) ва узви фахрии Академияи илмҳои Санкт-Петербург (1824).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]
Хонае, ки Гаусс таваллуд шудааст (нигоҳдорӣ нашудааст)

Солҳои 1795-98 дар Донишгоҳи Гёттинген таҳсил кардааст. Проф. Донишгоҳи Гёттинген (1807) ва ҳамзамон директори расадхонаи астрономии университети Гёттинген (1807-55).

Аз кӯдакӣ қобилияти беҳамтои риёзӣ дошт. Дар охири таҳсил дар университет «Таҳқиқоти арифметикӣ»-ро омода кард, ки он соли 1801 нашр гардид. Ин асар чандин кашфиёти умдаро дар назарияи ададҳо ва алгебра дар бар мегирад, аз ҷумла назарияи муодилаҳои тақсимоти давра (муодилаҳои навъи х2 — 1= 0) бо аксар хосиятҳои хеш тимсоли назарияи Галуа буд. Карл Фридрих Гаусс соли 1832 системаи мутлақи ченакҳоро таҳия карда, се воҳиди асосиро ҷорӣ мекунад: воҳиди вақт — 1 с, воҳиди дарозӣ — 1 мм, воҳиди масса — 1мКарл Фридрих Гаусс Карл Фридрих Гаусс борҳо бо теоремаҳои асосии алгебра машғул шуда, на кам аз 6 исботи онҳоро пешниҳод кардааст (1794-95). Исботи 1-уми ин теорема дар рисолаи докториаш (1799) ва исботҳои боқимонда дар корҳои илмии солҳои 1803-17-и Карл Фридрих Гаусс оварда шудаанд. Дар ин асарҳо инчунин нишондодҳо оид ба касрҳои кубӣ ва биквадратӣ дода шудаанд. Теоремаҳо дар бораи касрҳои биквадратӣ дар корҳои илмии баъдии ӯ (1823-31) низ мавҷуданд. Ин корҳои таҳқиқотӣ соҳаи назарияи ададҳоро ба туфайли воридкунии ба истилоҳ ададҳои бутуни Гаусс, яъне, ададҳои α + ƅі (ки ин ҷо α ва ƅ-ададҳои бутун) хеле васеъ карданд.

Ахтаршиносӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Корҳои астрономии Карл Фридрих Гаусс, асосан, ба муайян кардани мадори сайёраҳои хурд ва таҳқиқи ошӯби онҳо бахшида шудаанд. Карл Фридрих Гаусс ҳамчун астроном баъди кашфи бо 3 усул ҳисоб кардани мадори эллипсии сайёра машҳур гардид ва бо ин усулҳо нахустин сайёраҳои хурд Серера (1801) ва Палладаро (1802) кашф кард. Натиҷаҳои таҳқиқот оид ба ҳисоб кардани мадорро Карл Фридрих Гаусс дар асараш «Назарияи ҳаракати ҷирмҳои осмонӣ» (1809) овардааст. Карл Фридрих Гаусс доир ба муодилаҳои дифференсиалӣ, ҷузъҳои интеграл, назарияи потенсиалҳо, назарияи сатҳҳо, шаклҳои квадратӣ, назарияи қаторҳои беинтиҳо таҳқиқот анҷом додааст. Воҳиди индуксияи магнитӣ дар системаи сантиметр-грамм-сония (СГС) ба шарафи ӯ Гаусс номида шудааст.

Соли 1820 ба Карл Фридрих Гаусс суратгирии геодезии шоҳигарии Ганноверро супориданд. Карл Фридрих Гаусс ченкунии камони меридиани Гёттинген — Алтонро ташкил кард ва дар натиҷаи таҳқиқоти назариявӣ асосҳои геодезияи олиро таҳия намуд. Асоси ин таҳқиқотро Карл Фридрих Гаусс дар асараш «Таҳқиқот оид ба мавзӯи геодезияи олӣ» баён намуд. Барои огоҳии оптикӣ Карл Фридрих Гаусс асбоби гелиотропро (асбобе, ки шуоъҳои офтобро ба воситаи оина ба нуқтаи зарурӣ равона мекунад) ихтироъ кард. Магнетизми Заминро омӯхта, соли 1837 магнитометри униполярӣ ва соли 1838 магнитометри бифляриро ихтироъ намуд.

Карл Фридрих Гаусс дар физикаи назариявӣ (1830-40) таҳқиқоти бузург анҷом дода, якҷо бо В. Вебер дар корҳои илмӣ ба натиҷаҳои муҳим комёб гардид. Соли 1833 аввалин бор ҳамроҳи В. Вебер дар Олмон телеграфи электромагнитиро сохт. Соли 1830 асари машҳури худ «Назарияи умумии қувваи кашиш ва теладиҳӣ»-ро навишта, дар он асосҳои назарияи потенсиал, аз ҷумла як қатор муқаррарот ва теоремаҳо, мас., теоремаи электростатика (теоремаи Гаусс)-ро пешниҳод кард. Соли 1840 дар асараш «Таҳқиқоти диоптрикӣ» назарияи сохтани тасвирот дар системаҳои мураккаби оптикиро таҳия мекунад. Соли 1845 ба хулосае омад, ки тибқи он суръати паҳншавии таъсири мутақобилаи электромагнитӣ охирнок аст.

Ба номи Карл Фридрих Гаусс танӯраи Моҳ, сайёраҳои хурди № 1001 (Gaussia) номгузорӣ шудаанд.

  • Джон Дж. О’Коннор и Эдмунд Ф. Робертсон. Гаусс, Карл Фридрих (англ.) — биография в архиве MacTutor.
  • Complete works


  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 verschiedene Autoren Allgemeine Deutsche Biographie (нем.) / Hrsg.: Historische Commission bei der königl. Akademie der WissenschaftenL: Duncker & Humblot, 1875.
  3. 3.0 3.1 Архив по истории математики Мактьютор — 1994.
  4. 4.0 4.1 Гаусс Карл Фридрих // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1971. — Т. 6 : Газлифт — Гоголево. — С. 144—145.
  5. https://www.accademiadellescienze.it/accademia/soci/karl-friedrich-gauss (итол.)
  6. http://www.tandfonline.com/doi/full/10.1080/00207160.2012.689826
  7. http://www.maa.org/publications/maa-reviews/50th-imo-50-years-of-international-mathematical-olympiads
  8. http://link.springer.com/content/pdf/10.1007%2F978-3-642-14565-0_3.pdf
  9. 9.0 9.1 9.2 9.3 Чешская национальная авторитетная база данных
  10. 10.0 10.1 10.2 Математическая генеалогия (ингл.) — 1997.
  11. Математическая генеалогия (ингл.) — 1997.
  12. Боголюбов, 1983.
  13. Les membres du passé dont le nom commence par G(фр.)