Кароматулло Қурбонов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Кароматулло Қурбонов
Қурбонов Кароматулло Аҷикович
Таърихи таваллуд 29 ноябр 1961(1961-11-29)
Зодгоҳ шаҳри Кӯлоб ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 17 октябр 1992(1992-10-17) (30 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар  ҶШС Тоҷикистон Тоҷикистон
Пеша(ҳо) овозхон, бастакор
Соз асбобҳои клавишӣ[ru], аккордеон, сетор, ситар[ru]
Сабк эстрада, фолк-рок[ru], поп
Номи мустаъор Кароматуллои Қурбон
Гурӯҳ «Суғдиён», «Гулшан»
Ҷоизаҳо Ҳунарманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кароматулло Қурбонов (форсӣ: کرامت الله قرباناف‎; 29 ноябр 1961 Кӯлоб — 17 октябр 1992, Ёвон Вилояти Хатлон) — овозхони тоҷик, мусиқидон ва оҳангсоз; сарояндаи ансамбли давлатии вокалӣ ва инструменталии Тоҷикистон «Гульшан»[1]; ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Кароматулло Қурбонов 29 ноябри соли 1961 дар ш. Кӯлоб ба дунё омадааст. Сипас оилаи Қурбоновҳо ба деҳаи «Партизани сурх»-и ноҳияи Ленин (ҳоло ноҳияи Рӯдакӣ) кӯчидаанд. Аз хурдсолӣ Кароматулло ба шуғли мусиқӣ ва сурудхонӣ камар баста баъд аз хатми мактаби миёна ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ба шуъбаи «мусиқӣ ва суруд» дохил гардида онро хатм намудааст. Аввало дар дастаи ҳунарии «Суғдиён» ва сипас ҳамчун овозхони оркестри эстрадии «Гулшан»- назди Телевизиони Тоҷикистон ҳунарнамоӣ намудааст.[2] Ӯ яке аз қурбониёни Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аст. 18 октябри соли 1992 аз дасти Қумандон Восит дар ноҳияи Ёвон ба қатл расонида шудааст.[3]

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Эҷодиёти Кароматулло Қурбонов аз дастаи ҳунарии «Суғдиён» бо овозхони ҷавон Исматулло Холов ибтидо гирифтааст. Баъди пайдо намудани шуҳрати сароидани сурудҳои эстрадӣ ӯро ба оркестри эстрадии «Гулшан» назди Телевизиони Тоҷикистон даъват намуданд. Шоир Ҳабибулло Нозирӣ дар хотироташ мегуяд, ки сурудҳои «Шаҳри боронӣ», «Андак-андак», «Рақс бикун», «Зиндагӣ», «Бишнав, ки аз бунёди ман…» (ҳамагӣ 17 суруд) дар иҷрои Кароматулло Қурбонов маҳсули эҷодкории якҷояи онҳост. Ҳамин сурудҳо хеле моҳирона сароида шуда мухлисони эҷодиёти Кароматуллоро зиёд намудаанд.[4]

Шӯҳрати Кароматулло Қурбонов солҳои 1984-1990 ниҳоят баланд буд. Ҳунарнамоиҳои Кароматулло Қурбонов дар телевизиону радиоҳои ватанӣ бисёр намоён буд ва мардум сурудҳои ин ҳунармандро бо ишқу муҳаббати беандоза гӯш мекарданд. Ӯ на танҳо хонандаи сурудҳои тоҷикӣ буд, балки сурудҳои русиву ҳиндиро низ бо эҳсосоти пур аз муҳаббат месароид. Бо ин роҳ дар дили ҳазорон нафар роҳ меёфт. Ба баъзе давлатҳои дунё, аз ҷумла кишварҳои шарқи наздик, кишварҳои собиқ шӯравӣ сафарҳои ҳунарӣ низ анҷом дода, шуҳрати санъати тоҷикро ба онҳо шинос ва боло бардоштааст. Кароматулло Қурбонов тавонист тӯли умри кӯтоҳаш зиёда аз 7 албоми сурудҳои худро сабт намояд, ки аз 76 тарона иборат мебошанд. Сурудҳои «Лаъли лабони ман биё», «Турки камонабрӯ», «Санги мазорам» аз ҷумлаи беҳтарин сурудҳои ҳофиз буда, солҳост, ки дар забону дили мардум боқӣ мондаанд ва худи Кароматуллоро ниҳоят шуҳратманд кардаанд. Сурудҳои Кароматулло ба мавзӯъҳои ишқу муҳаббат, модар, Ватан ва васфи зиндагӣ бахшида шудаанд. Ҳамаи 76 суруди Кароматуллои Қурбон хубу беҳтарин ва бомазмуну рӯҳнавозанд. Инҷо якчанд таронаҳоеро номбар мекунем, ки аз ҷониби шунавандагону мухлисони асилаш зам-зама карда мешаванд: «Борони баҳор», «Ман агар мастам», «Ту ҳам ёде бикун аз ман», «Сабзак лаби ҷӯ», «Дигар марав», «Бо ман бимон», «Шаби ошиқони бедил», «Бо дили дарё нишинам», «Чӣ дидаму чӣ дидам», «Бишнав, ки аз бунёди ман», «Турки камонабрӯ», «Андак-андак», «Рақс бикун ҷоно», «Танҳо шудам», «Санги мазорам» ва «Хайрбод». Ин сурудҳо ҳоло ҳам оҳанг, бадеияту ҷаззобият ва дилнишинии худро гум накардаанд.[2]

Аз 3 фарзанди Кароматулло Қурбонов ду нафари онҳо ба санъат рӯ оварда, касби падарро идома дода истодаанд. Муҳаммадрафи Кароматулло ва Нозияи Кароматулло дар зиндагӣ мисли падарашон ҷодаи санъатро ихтиёр намуда, номи накӯ ва эҷодиёти Кароматулло Қурбоновро идома медиҳанд. Муҳаммадрафӣ роҳбари бадеии ансамбли эстрадии «Ориё»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нозия узви ин ансамбл мебошанд.[2]

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

21 октябри соли 1992, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №431, ба Қурбонов Кароматулло Аҷикович, барои хидматҳояш инкишофи санъати мусиқӣ, унвони фахри «Ҳунарманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дода шуд (пас аз марг).

Пайванди беруна[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]