Катибаҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Катибаҳо - ҳуҷҷатҳо, навиштаҷоте, ки дар ашё сахт ва пурбақову устувор бо хат ё аломатҳои шартӣ бо мақсади нигаҳдории маълумот ва ё хотирае аз баъзе воқеаҳо сабт карда мешаванд. Катибаҳо дар кӯҳу харсангҳо, девори қасру мақбараҳо, сутунҳои биноҳо, сангҳои қабру мазор, лавҳаҳои тиллоӣ, гачӣ, гилӣ, устухон, асбобу ашёи нуқрагӣ, биринҷӣ, сафолӣ, яроқу аслиҳа, тангаҳо, асбобу лавозимоти ороиши занона, дару дарвозаҳо, табақу косаҳо ва ғ. навишта мешуданд. Катибаҳо маводи фаровонеро оид ба сиёсат, воқеаҳои таърихӣ, муносибатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, идеологӣ дар бар гирифта, манбаи муҳимме барои омӯзиши таърихи қадим, асрҳои миёна ва давраҳои минбаъда мебошанд. Катибаҳо аз дастнависҳои қадима, аз тасвироти рӯйисангӣ (релеф) фарқ мекунанд, гарчанде дар замони қадим ҳангоми мавҷудияти синкретизми санъат Катибаҳо бо тасвирот як буданд. Аз ҳудуди Осиёи Миёна ва Тоҷикистон, аз ҷумла дар ҳудуди Ҳисор ҳангоми ҳафриёти археологӣ Катибаҳои зиёди суғдӣ, бохтарӣ, хоразмӣ ва ғ. ба даст омадааст. Катибаҳоро як соҳаи илми таърих- катибашиносӣ-эпиграфика меомӯзад. Муаррих Аҳрор Мухторов дар илми таърихи Тоҷикистон аввалин нафарест, ки даст ба мавзӯъи ниҳоят муҳим - омӯзиши катибаҳо зад, роҳи эҷодиаш ба ин масъалаи ноомӯхта тавъам шуд. Ба қавли устодаш академики АИ СССР Семенов Александр «ганҷ парешонро аз вайронаҳо ба дили халќ кӯчонд». Олими бисёр васиқа, хитоба, шоҳиднома, айбнома, ҳукмнома ва ғайраро пайдо намуд, ки барои омӯзиш, таҳқиқ ва таҳлилу кушодани муаммоҳои таърихи халқамон мадад расонданд. [1]

Манобеъ[вироиш]

  1. Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 293