Кишоварзӣ дар Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Кишоварзӣ дар Тоҷикистон — яке аз соҳаҳои муҳимтарини иқтисоди миллӣ буда, таъмини ҳадафи стратегии Ҳукумат, яъне амнияти озуқавории мамлакат, асосан аз сатҳи рушди он вобаста мебошад[1].

Таърих[вироиш]

Кишоварзӣ, ки аз замонҳои қадим бо истилоҳҳои деҳқонӣ, деҳқанат, барзгарӣ, фалоҳӣ ҳам маъмул буд, яке аз соҳаҳои муҳимми истеҳсолоти ҷамъиятӣ буда, аҳолиро бо хӯрокворӣ ва саноати ҳунармандиро бо ашёи хом ва ҳайвоноти аҳолиро бо ғизо таъмин менамояд. Мардумони ориёитабор яке аз аввалин кишоварзон будаанд. Дар Авесто, хусусан қисматҳои Видеват ва Готҳо, оид ба деҳқонӣ, ғаллакорӣ, боғдорӣ, обёрии заминҳо, чорводорӣ маълумоти фаровон мавҷуд аст. Минбаъд тибқи иттилои ҷуғрофидонҳо ва муаррихони пешин кишоварзӣ дар сарзаминҳои Мовароуннаҳру Хуросон ривоҷу равнақи бесобиқа доштааст.

Замони шӯравӣ[вироиш]

Баъди ба Руссия ҳамроҳ карда шудани Осиёи Миёна хусусиятҳои кишоварзии мардуми Осиёи Миёна ва бахусус Тоҷикистон, тағйир ёфта, ба талаботи саноати Руссияи подшоҳӣ мувофиқ кунонда шуд; бо афзудани талабот ва баланд рафтани нархи пахта заминҳои кишти пахта босуръат васеъ карда мешуданд. Ҳанӯз А. И. Вавилов — олим ва сайёҳи машҳур Осиёи Миёнаро яке аз марказҳои зироати дунё ҳисобида, борҳо таъкид карда буд, ки кӯҳсори Тоҷикистон ва Бадахшон яке аз марказҳои қадимтарини зироат мебошад. Раванди пахтакорӣ ва рушди дигар со ҳаҳои кишоварзӣ, аксаран ҳамчун манбаи ашёи хом, минбаъд ҳам ривоҷ гирифт. Дар ҷумҳурӣ муассисаи нахустини илмӣ оид ба зироат соли 1927 (Стансияи давлатии таҷрибавии селексионии Тоҷикистон) ташкил гардид. Соли 1930 Стансияи минтақавии таҷрибавии пахтакории Тоҷикистон (дар ноҳияи Ҷилликӯл) таъсис ёфт. Соли 1950 дар Академияи фанҳои ҶШС Тоҷикистон Шуъбаи пахта корӣ ифтитоҳ гардид. Соли 1956 Институти таҳқиқоти илмии зироат ба кор шурӯъ кард. Минбаъд дар солҳои гуногун Институти хокшиносӣ, Институти таҳқиқоти илмии боғу токдорӣ ва сабзавоткорӣ, Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон таъсис дода шуданд, ки дар ривоҷу равнақи соҳа саҳми бузург доранд.

Даврони истиқлол[вироиш]

Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов ҳангоми муоинаи гандумзор
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов ҳангоми муоинаи гандумзор

Пас аз истиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ ислоҳоти иқтисодӣ оғоз гардид. Дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ислоҳоти замин» соли 1992 марҳилаи қисман тақсим намудани заминҳои минтақаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ оғоз гардид. Инчунин бо фармонҳои Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 1995 №342 ва аз 1 декабри соли 1997 №874, 75 ҳазор гектар замин барои истифода ба аҳолии деҳот тақсим карда шуд, ки ин амал барои таъмин намудани аҳолӣ бо озуқа мусоидат намуд. Бо мақсади истифодаи пурсамар ва оқилонаи захираҳои замин ва об, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ Фармони Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1996, №522, «Дар бораи таҷдиди корхонаҳо ва ташкилотҳои кишоварзӣ» қабул гардид. Дар ин раванд супориши давлатӣ (Госзаказ) ва нархи маҳсулоти кишоварзӣ озод эълон карда шуд, ки ин ба соҳибихтиёрии деҳқон барои парвариши маҳсулот мусоидат намуд[2].

Ислоҳоти гузаронидашуда дар соҳаи кишоварзӣ, ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) озодии интихоби истеҳсол ва фурӯши зироатҳои кишоварзиро дод. Дар бисёр ҷойҳо амалӣ намудани гузаронидани кишти такрорӣ дар заминҳои обӣ, инчунин ҳалли масъалаи қарзи хоҷагиҳои пахтакор иқтидори соҳаро хеле афзун намуд. Гузариш ба шакли нави муносибатҳои иқтисодӣ ва ташкил намудани шаклҳои нави хоҷагидорӣ, хусусигардонии амвол ба тағйироти куллӣ дар соҳаи кишоварзӣ оварда расонид[2].

Гузариш ба шакли нави муносибатҳои иқтисодӣ ва ташкил намудани шаклҳои нави хоҷагидорӣ, ғайридавлатӣ гардондани моликият дар соҳаи кишоварзӣ ба тағйироти куллӣ оварда расонд. Дар соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ имрӯз шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) 54,3 ҳазор аз ҷумла: 890 адад асотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), 819 адад хоҷагиҳои деҳқонии коллективӣ ва 357 адад хоҷагиҳои кооперативӣ ташкил медиҳанд.

Саҳми бахши хусусӣ дар рушди соҳаи кишоварзӣ мустаҳкам гардида истодааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфта, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии дар соли 2010 нисбат ба соли 1991 3,2 маротиба зиёд гардидааст.

Рушди соҳаи кишоварзӣ барои таъмини босубот ва мутаносиби аҳолии кишвар бо маводди хӯрока тавассути афзоиши мунтазам ва устувори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани сатҳи даромаднокӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ, инчунин ҳифзи захираҳои табиӣ мусоидат менамояд. Ба хоҷагиҳои деҳқонӣ додани озодии парвариши зироати кишоварзӣ иқтидори соҳаро хеле афзун намуд. Мутобиқи маълумоти оморӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, — ғалладонагиҳо, пахта, картошка, сабзавот, полезиҳо, меваҷот, афзоиши саршумори чорво ва паранда дар солҳои охир мутаносибан хеле боло рафт.

Дар давраи истиқлолият ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани ислоҳоти замин, таҷдиди хоҷагиҳо ва қабули барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳаҳои растанипарварӣ, чорводорӣ, тухмипарварӣ ва таъминот бо техникаи кишоварзӣ ба рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшид. Дар маҷмӯъ то имрӯз дар соҳаи кишоварзӣ 13 барномаи давлатии соҳавӣ қабул гардидааст[3].

Соҳаҳои кишоварзӣ[вироиш]

Рустанипарварӣ[вироиш]

Мақолаи асосӣ: Растанипарварӣ

Рустанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ буда, барои амалӣ намудани амнияти озуқаворӣ ва таъмини корхонаҳои саноати мамлакат бо маҳсулот нақши бориз дорад. Асосан аҳолиро бо ғалладонагиҳо, картошка, меваҷот, сабзавот, полезиҳо ва пахта таъмин менамояд.

Боғдориву токпарварӣ[вироиш]

Мақолаҳои асосӣ: Боғдорӣ, Токпарварӣ

Боғдориву токпарварӣ яке аз соҳоти асосии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар бобати таъмини аҳолӣ бо маводди хӯрока, афзун гардондани имкониятҳои содиротии мамлакат ва бо ҷойҳои кории доимӣ таъмин намудани аҳолӣ мавқеи муҳим дорад. Бо мақсади рушди соҳаи боғу токпарварӣ, тадриҷан зиёд намудани истеҳсоли меваю ангур Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барномаи мақсадноки давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ, тадриҷан зиёд намудани истеҳсоли меваю ангур ва парвариши дарахтони мевадиҳанда ва ҳамешасабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007—2010» ва баъдан Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 27 августи 2009, № 683) «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-14» ба тасвиб расид, ки дар пайи он дар ҷумҳурӣ (танҳо дар нимсолаи дуюми соли 2013) дар майдони 12604 га боғу токзорҳои нав бунёд шуданд. Дар ҳамкорӣ бо Барномаи оҷонсии байналхалқии Шветсия (SIDA) лоиҳаи «Дастгирии инкишофи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз соли 2004 фаъолият дорад, бинои Бозрасии назорати давлатии тухмӣ, озмоишгоҳҳои тухми санҷӣ дар Душанбе, вилояти Суғд ва Хатлон таҷдиду тармим гардида бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин шуданд. Барои равнақи ин бахш Барномаи «Рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010—2014» қабул гардид. Барои татбиқи барномаҳои селексионӣ Пажӯҳишгоҳи зироаткории АИКТ, Филиали Пажӯҳишгоҳи зироаткорӣ дар вилояти Суғд, Кооперативи истеҳсолии ба номи Л. Муродови ноҳияи Ҳисор, хоҷагии «Чилгазӣ»­и ноҳияи Исфара, Стансияҳои навъсанҷии навоҳии Қубодиён, Бобоҷон Ғафуров, Мӯъминобод ва шаҳри Турсунзода бо воситаҳои муосир ҷиҳозонида шуданд.

Чорводорӣ[вироиш]

Мақолаи асосӣ: Чорводорӣ

Чорводорӣ қисми таркибии соҳаи кишоварзӣ буда, аҳолиро бо гӯшту шир, равған, тухм ва саноатро бо ашёи хом, пӯст, пашм, пӯсти қарокӯлӣ, тибит ва ғайра таъмин менамояд. Солҳои охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд барнома оид ба рушди ин соҳа қабул кард, ки ҳоло амалӣ мешавад.

Занбӯрпарварӣ[вироиш]

Мақолаи асосӣ: Занбӯрпарварӣ

Асал, гард, прополис, шири модарзан бӯр ва заҳри занбӯри асал аз маҳсулоти серталаби ғизоӣ ва воситаҳои беҳтарини табобатӣ мебошанд. Зарурати соҳаро ба эътибор гирифта, соли 2006 бо пешниҳоди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаи воҳиди давлатии «Асали Тоҷикистон» таъсис дода шуд ва ҳамзамон «Барномаи барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006—2010» ба тасвиб расид. Минбаъд дар радифи идҳои харбузаву зардолу гузаронидани «Иди асал» ҳам ба ҳукми анъана даромад. Аз 179000 оилаи занбӯри асали кишвар (2013) дар ВМКБ 6400 оила, Суғд 49,6 ҳазор оила, Хатлон 40 ҳазор ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 82,3 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш меёбанд.

Парандапарварӣ[вироиш]

Мақолаи асосӣ: Парандапарварӣ

Парандапарварӣ соҳаи муҳимми кишоварзӣ маҳсуб меёбад, ки дар таъмин намудани аҳолӣ бо маводди ғизоии сафедадор мавқеи муҳим дорад. Тибқи маълумоти оморӣ (то 1.12.2013) дар корхонаҳои парандапарварӣ ва хоҷагиҳои соҳибкорони кишвар 1,7 млн сар паранда парвариш ёфта, 188,8 млн дона тухм истеҳсол карда шудааст. Моҳипарварӣ. Соли 2008 бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олҳои 2009—2015» қабул гадид, ки ба рушду равнақи соҳа такони ҷиддӣ бахшид. То соли 2013 теъдоди хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба 95 адад расонида шуд.

Зотпарварӣ[вироиш]

Мақолаи асосӣ: Зотпарварӣ

«Барномаи рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сол ҳои 2008—2015» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, мавриди амал қарор гирифтааст. Баъдан «Барномаи рушди соҳаи қутоспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008—2015» ба тасвиб расид. Қарорҳои зикршуда барои равнақи соҳа дар ВМКБ, ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ, Балҷувон ва Ҷиргатол заминаи мусоид фароҳам оварданд.

Асппарварӣ[вироиш]

Мақолаи асосӣ: Асппарварӣ

Қабул гардидани «Барномаи рушди соҳаи асппарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009—2016» ба ривоҷ ёфтани соҳаи асппарварӣ мусоидат менамояд. Ҳоло дар Тоҷикистон 3 заводи асппарварӣ, аз ҷумла «Асппарвар»­и ноҳияи Рӯдакӣ, «Баракат»­и ноҳияи Ҳисор ва «Чорводор»­и ноҳияи Вахш ва 3 хоҷагии асппарварӣ бо номи «Кангурт» дар ноҳияи Темурмалик, «Данғара» дар ноҳияи Данғара ва «Мелик Муродов» дар ноҳияи Шаҳринав фаъолият доранд.

Пойгоҳи техникӣ ва инфрасохтори кишоварзӣ[вироиш]

Трактори ДТ-75 дар яке аз хоҷагиҳои деҳқонӣ.

Самти дигари равнақи соҳаи кишоварзӣ рушди пойгоҳи техникӣ ва инфрасохтори кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз таъмини хоҷагиҳо бо тракторҳои шудгоркунанда, комбайнҳои ғалладараву алаф ғун доранда, испорҳои тракторӣ, нармкунакҳо, тухмипо шакҳо ва амсоли инҳо дар мадди аввал қарор дорад.

Пажӯҳишҳо дар соҳаи кишоварзӣ[вироиш]

Рушди соҳаи аграрии ҷумҳурӣ бидуни ҷалб ва ширкати бевоситаи олимони кишоварзӣ имконнопазир аст. Дар ин самт уламои соҳаи кишоварзӣ ҳиссаи арзанда гузоштаанд. Дар таркиби АИК 6 пажӯҳишгоҳи соҳавӣ фаъолият доранд. Дар ин пажӯҳишгоҳҳо 420 корманди илмӣ, аз ҷумла 31 доктори илм ва 121 номзади илм ба таҳқиқот пардохтаанд. Аз соли 2009 олимони тоҷик пахтаи маҳиннахи 748­В, гандуми навъи нарми «Зироат-70», нути «Ҳисор», марҷумаки «Ҳисор-1», кунҷиди «Шаҳноза», ҷувории «Фирӯз-355 В» ва «Марҷон-785 В», юнучқаи (шабдар) «Вахш-429»­ро ба вуҷуд овардаанд.

Ҳамчунин нигаред[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010
  2. 2.0 2.1 Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 (1 августи 2012).
  3. Кишоварзӣ(тоҷ.). Президенти Тоҷикистон. president.tj. 21 феврали 2018 санҷида шуд.

Сарчашма[вироиш]