Клайв Грейнҷер

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Клайв Грейнҷер
англ. Sir Clive William John Granger
Clive Granger by Olaf Storbeck.jpg
Таърихи таваллуд: 4 сентябр 1934(1934-09-04)[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 27 май 2009(2009-05-27)[4][1][2][…] (74 сол)
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Фазои илмӣ: илми иқтисод ва econometrics[d]
Ҷойҳои кор:
Алма-матер:
Роҳбари илмӣ: Harry Pitt[d]
Ҷоизаҳо:
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Сэр Клайв Уилям Джон Гре́йнҷер (англ. Sir Clive William John Granger; 4 сентябри 1934, Суонси — 27 майи 2009, Ла-Ҳойя[5]) — иқтисоддони англис, мутахассиси соҳаи омори иқтисодӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Донишгоҳи Нотингҳем, бакалаври математика (1955) ва дарёи и. иқтисод (1959), профессори иқтисодиёти Донишгоҳи Сан-Диего (Калифорния, ИМА) (1970), узви Анҷумани Эконометрии Амрико (Econometric Society). Муаллифи беш аз 150 асари илмӣ, аз ҷумла даҳҳо монография. Мавзӯи асосии таҳқиқоти илмии Клайв Грейнҷер омӯзиши масъалаи алоқамандии байни нишондодҳои асосии иқтисодӣ (мас., нарх ва қурби асъор, некуаҳволӣ, истеъмол ва ғ.) мебошад. Бо усули пешниҳодкардаи Клайв Грейнҷер ин нишондодҳо бо ёрии маълумот оид ба сатҳҳои гуногуни нишондодҳои иқтисодӣ дар фосилаҳои тӯлонии замонӣ — давраҳои замонӣ таҳлил карда мешаванд. Усулҳои пешниҳодкардаи Клайв Грейнҷер дар соҳаи таҳлили иқтисодӣ-оморӣ ба иқтисодчиён ва мутахассисони соҳаи омор имконият медиҳанд, ки тамоюлҳои оянда ва дурнамои рушди иқтисодиётро беҳтар пешгӯӣ намуда, дар барномаҳои дарозмуддати иқтисодӣ тағйирот дохил намоянд.

Соли 2009 Клайв Грейнҷер якҷоя бо Роберт Энгл "барои таҳлили давраҳои замонии иқтисодӣ бо истифода аз усули тамоюлҳои умумӣ (коинтегратсия) сазовори ҷоизаи Нобел гардид.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Spectral Analysis of Economic Time Seties (ҳаммуаллиф M. Natanaka). Princeton University Press, 1964;
  • Forecasting Economic Time Series (ҳаммуаллиф П. Нюболд). Academic Press, 1977;
  • Modelling Nonlinear Dynamic Relationships (ҳаммуаллиф T. Terasvirta). Oxford University Press, 1993.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]