Клод Бернар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Клод Бернар
Клод Бернар фр. Claude Bernard
Claude Bernard 5.jpg
Таърихи таваллуд: 12 июл 1813(1813-07-12)[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 10 феврал 1878(1878-02-10)[2][1][3][…] (64 сол)
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Фазои илмӣ: физиология, тиб
Ҷойҳои кор:
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои тиб
Унвонҳои илмӣ: профессор
Алма-матер:
Шогирдони маъруф: Ivan Tarkhanov[d] ва Étienne Lancereaux[d][6]
Ҷоизаҳо: Медали Копли (1876)
Имзо: Имзо
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Клод Берна́р (фр. Claude Bernard; 12 июли 1813, Сен-Жюлйен (Рона) — 10 феврали 1878, Порис) — физиологи фаронсавӣ, яке аз асосгузорони физиология ва патологияи таҷрибавӣ, эндокринология, узви АИ дар Париж (1854).

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Баъди хатми Донишгоҳи Париж (1839) дар Лабараторияи Ф. Мажанди кор кардааст. Роҳбари кафедраҳои физиологияи умумии ҳамин донишгоҳ (1854) ва физиологияи муқоисавии Музейи таърихи табиатшиносӣ (1868). Асари аввалинаш ба анатомия ва физиологияи асаби тарашшӯҳи ғадуди оби даҳон бахшида шудааст. Пажӯҳишҳои минбаъдааш ба фаъолияти ғадуди зери меъда ва аҳаммияти он дар ҳазми равған, гликоген ҳосил кардани ҷигар, шираи меъда ва аҳаммияти он дар тағзия (рисолаи докторӣ) оид мебошанд. Б. мубодилаи карбогидратҳоро омӯхта, мақоми ҷигар ва силсилаи асабҳои марказиро дар танзими онҳо нишон дод. Ӯ исбот намуд, ки дар мағзи дарозрӯя маркази танзими мубодилаи карбогидратҳо мавҷуд аст ва дар мавриди осеби он қанд ба воситаи пешоб хориҷ мешавад. Ба ақидаи Бернар ҳама гуна падидаҳои ҳаёт сабабҳои моддӣ дошта, асоси онҳоро қонуниятҳои физикавию кимиёӣ ташкил медиҳанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]