Кова Баҳор
Кова Баҳор | |
|---|---|
| Таърихи таваллуд: | 28 сентябри 1935 |
| Зодгоҳ: | |
| Таърихи даргузашт | 26 январи 1994 (58 сол) |
| Шаҳрвандӣ: | |
| Касб: | филмбардор |
| IMDb: | ID 3858143 |
Баҳор Кова Ғуломризоевич (28 сентябри 1935, Сталинобод — 26 январи 1994) — филмбардори шинохтаи тоҷик, узви Иттифоқи синамогарони ИҶШС (1982).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Баҳор Кова 28 сентябри соли 1935 дар хонадони Ғуломризо Баҳор дар шаҳри Сталинобод ба дунё омадааст. Соли 1968 бахши оператории Донишкадаи умумииттифоқии давлатии кинематографияро (ВГИК) хатм намудааст.
Фаъолият
[вироиш | вироиши манбаъ]Фаъолияти худро дар «Тоҷикфилм» аз соли 1957 аввал ҳамчун ёрдамчии коргардон ва ассистенти оператор, баъдан ҳамчун оператори комбиниатсионии наворбардорӣ оғоз намудааст. Аз соли 1968 ба ҳайси оператори-постановшики филмҳои бадеӣ ва оператори филмҳои мустанад фаъолият намудааст[1].
Баҳор Кова дар наворбардории чандин филмҳои ҳуҷҷатӣ ва бадеӣ саҳми арзанда гузоштааст. Ӯ инчунин дар таҳияи сюжетҳои киножурналҳои «Тоҷикистони Советӣ» ва маҷаллаи киноии ҳаҷвии «Калтак» низ фаъолият доштааст.
Филмшиносӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Филмҳои мустанаде, ки ӯ дар онҳо ҳамчун оператор кор кардааст:
- «Загадки Кушанского царства» (1969)
- «Срочный вызов» (1973)
- «Артерия жизни» (1973)
- «Вертолетчики» (ҳамроҳ-оператор, 1973)
- «Утро моей республики» (ҳамроҳ-оператор, 1974)
- «Спор со стихией» (1975)
- «В последний путь» (ҳамроҳ-оператор, 1977)
- «Мой цветущий край» (1978)
- «Долина Алфея — моя мечта» (1979)
- «Южуралстрой-50» (1979)
- «Обгоняя время» (1984)
- «Оттепель» (1986)
- «Дусти» (1986)
- «Книга С. Айни „Рабы“» (1989)
Даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Баҳор Кова 26 январи соли 1994 дар 58-солагӣ даргузашт.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Кова Бахор. Кино-Театр.Ру. 7 апрели 2025 санҷида шуд.