Осиф Ҷалолӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Коко Осиф)
Осиф Ҷалолӣ
форсӣ: محمد آصف جلالی
px
Таърихи таваллуд: 1957(1957)
Зодгоҳ: вилояти Кописо
Таърихи даргузашт 1 январ 2020(2020-01-01)
Маҳалли марг: Кобул
Шаҳрвандӣ:  Афғонистон
Касб: танзпардоз, муҷрии телевизион

Муҳаммад Осиф Ҷалолӣ (форсӣ: محمد آصف جلالی‎; маъруф ба Коко Осиф; 1957, вилояти Кописо — 1 январи 2020, Кобул) — танзпардози маъруфи Афғонистон ва муҷрии телевизион.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Осиф Ҷалолӣ дар соли 1957[1] дар вилояти Кописо ба дунё омадаааст. Ӯ сокини аслии вилояти Лугар буд, аммо бештари солҳои умри худро аз навҷавонӣ ба баъд дар Кобул гузарондааст[2].

Корнома[вироиш | вироиши манбаъ]

Осиф Ҷалолӣ барои муддатҳо муҷрии барномаи «Шабханд»-и телевизиони Афғонистон буд. Мардум бештар ба хотир шӯхиҳояш, ӯро ба номи «Коко Осиф» мешиносанд. Ӯ ҳатто дар замони ҳукумати толибон танзҳояшро дар хориҷ аз Афғонистон рӯйи навор забт ва ба бозор арза мекард[2].

Ӯ ҳамчунин дар филми маъруфи «Булбул» нақш бозидааст.

Даргузашт[вироиш | вироиши манбаъ]

Осиф Ҷалолӣ рӯзи 1 январи соли 2020 дар шифохонае дар шаҳри Кобул бар асари сактаи дил даргузашт[3].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. آصف جلالی، طنز پرداز پرآوازۀ افغانستان درگذشت(форсӣ). طلوع‌نیوز. 2 Январ 2020 санҷида шуд.
  2. 2.0 2.1 آصف جلالی طنزپرداز معروف افغانستان درگذشت(форсӣ) (1 Январ 2020). Проверено 2 Январ 2020.
  3. Даргузашти Осиф Ҷалолӣ ҳаҷвнигори шинохтаи афғон(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 2 Январ 2020 санҷида шуд.