Комилаи Деҳлавӣ
Комилаи Деҳлавӣ |
|---|
Комилаи Деҳлавӣ (форсӣ: کامله دهلوی), Комилабегим (қарни XVI) — шоираи форсизабони Ҳиндустон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз хонадони аҳли савод буда, дар замони ҳукмронии Акбар, дар доираи адабии Деҳлӣ ба камол расидааст. Дар маъхазҳои адабӣ чун шахси бомаърифат, дӯстдори илму фазл, шоири закитабъ ва фасеҳбаён ёдовар шудааст. Файзии Даканӣ чаҳор моҳ пеш аз фавташ рубоии зерро гуфта буд:
Дидӣ, ки фалак чу Зуҳра найранге кард,
Мурғи дилам аз қафас шабоҳанге кард.
Он сина, ки оламе дар ӯ мегунҷад,
То ними даме бароварам, тангӣ кард.
Комилаи Деҳлавӣ рубоие дорад, ки он ҳам ҷавоб ба ин рубоӣ ва ҳам дар марсияи Файзии Даканӣ мебошад:
Файзӣ, ту махӯр ғам, ки дилат тангӣ кард,
Ё пойи умеди умри ту лангӣ кард.
Мехост, ки мурғи рӯҳ бинад рухи дӯст,
З-ин восита аз қафас шабоҳангӣ кард.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Комилаи Деҳлавӣ / М. Диловаров // Кашиш — Косон. — Д. : СИЭМТ, 2022. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 10). — ISBN 978-99985-0-006-8.