Комилшо Исоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Исоев Комилшо Сафарович
Зодгоҳ: , ҶШС Тоҷикистон
Кишвар:  Тоҷикистон
Фазои илмӣ: биология
Ҷойҳои кор: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои биология
Унвонҳои илмӣ: профессор
Алма-матер: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Комилшо Сафарович Исоев — биологи тоҷик, номзади илмҳои биология, профессор. Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2007)[1]

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дотсенти кафедра Комилшо Исоев соли 1990 факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хатм намуда, бо тавсияи роҳбарияти кафедраи зоология ҳамчун мутахассиси ҷавон дар кафедраи мазкур ба фаъолият шурӯъ карда, то ҳол дар вазифаҳои гуногун ифои вазифа намуда истодааст. Исоев К. С. соли 1988 сардори лагери таҷрибаомӯзии саҳрои «Такоб» таъйин гардид ва дар обод намудани ин базаи таълимӣ саҳми намоён дорад. Аз соли 1999 то соли 2007 вазифаи ҷонишини декан оид ба тарбияро ба ӯҳда дошт. Дар ин давра дар ҳаммуаллифӣ барномаи таълими соатҳои тарбиявиро тартиб дода, нақшаҳои кори тарбиявӣ ва шӯрои кураторони факултетро мураттаб намудааст. Ҳамзамон дар ин давра ба ҳайси мушовири проректори тарбияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намуда, дар ташкили корҳои тарбиявии донишгоҳ низ саҳми арзанда дорад. Аз соли 2007 то соли 2009 дар вазифаи ҷонишини аввали декани факултети биология кор кардааст. Дар таҳияи нақшаи таълимии ихтисоси фарматсевтӣ ва ташхиси тибӣ, ки баъдтар ҳар кадоме ба факултетҳои алоҳида табдил ёфтанд, саҳми гузоштааст. Аз соли 2009 то соли 2012 вазифаи мудири кафедраи зоологияро ба ӯҳда дошт.

Аз соли 1996 то соли 2015 дотсент Исоев К.С. дар олимпиядаҳои шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ аз фанни биология ба ҳайси раиси ҳакамон ва аъзои ҳакамон иштирок намудааст. Исоев К.С. аз соли 2012 то ҳол дар вазифаи директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти пурсамар дорад. Тӯли ин муддат дар шаклгирии мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҷалби муаллифон барои таҳияи китобҳои дарсӣ, мутобиқозии китобҳои дарсӣ ба стандартҳои ҷаҳонии таҳсилот, хусусан бо назардошти муносибати босалоҳият таҳия шудани онҳо саҳми намоён гузоштааст. Исоев К. С. дар Шӯрои омӯзгорони давлатҳои муштаракулманофеъ (Армения 2012, Беларус 2014), доир ба омӯзиши бисёрзабонӣ ш. Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон (2014), ш. Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон (2013-2016) ва ҳамзамон дар семинари омӯзишӣ оид ба гелминтология дар шаҳри Қарочии Ҷумҳурии Покистон (11-22 феврали с. 2018) иштирок карда, соҳиби сертификат гаштааст.

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Комилшо Сафарович Исоевсоли 2004 рисолаи номзадиашро ҳимоя намудааст. Зиёда аз 80 фишурдаю мақолаҳои илмӣ ба нашр расонидааст. Аз ҷумла 1 монография, 5 китоби дарсӣ бо ҳаммуаллифӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умуми, 2 китоби дарсӣ барои донишҷӯёни факултети биология, 2 китоб (Экология) барои донишҷӯёни ғайри ихтисоси муассисаҳои таҳсилот и миёнаи касбӣ ва олии касбӣ, 8 дастури таълимӣ. Дар матбуоти даври даҳо мақолаю вокунишҳо доир ислоҳоти соҳаи маориф чоп намудааст.

Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2007) ва Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2018).[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 Кафедраи зоология, Исоев Комилшо Сафарович(тоҷ.). www.biological.tnu.tj. 31 май 2020 санҷида шуд.