Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Муҳаммадалӣ Комил

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Комил, Муҳаммадалӣ)
Муҳаммадалӣ Комил

Муҳаммадалӣ Комил (форсӣ: محمدعلی کامل‎; — 1719, Бадахшон) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зодгоҳаш Бадахшон. Баъди таҳсил дар Бухоро ба Ҳиндустон, Туркистон ва Хитой сафарҳо кардааст. Сипас ба зодгоҳаш баргашта, ба мударрисӣ ва деҳқонӣ машғул шудааст. Дар адабиёт, хаттотӣ ва фалсафа дониши амиқ дошта, дар бораи илми руҳшиносӣ гӯё рисолае навиштааст. Ашъораш хеле хушобуранг аст.

Ин ғазал аз ӯст:

Аз банда агар ҳалли муродот писандӣ,
Шукрест, ки бар қиблаи ҳоҷот писандӣ.
Вайронаи ҷовид бувад Каъбаву масҷид,
Аз нохалафӣ чун ту харобот писандӣ.
Олам ҳама маъмураи дасти ту тавон буд,
Бар хеш агар раҳмати авқот писандӣ.
Куфр аст ба ҳар бому даре саҷда намудан,
То кай ба чунин ҷаҳл хурофот писандӣ?
Натвон зи каси бадгуҳар уммеди вафо кард,
Аз сеҳр чӣ имкон, ки каромот писандӣ.
Комил ба раҳи сидқ, зи исботи тариқат,
Бисёр тавонӣ, ки мубоҳот писандӣ.