Jump to content

Комил Ёрматов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Комил Ёрматов
Ёрматов Комил Ёрматович
Сурат
Таърихи таваллуд 2 май 1903(1903-05-02)[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 17 ноябр 1978(1978-11-17) (75 сол) ё 24 ноябр 1978(1978-11-24)[2] (75 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша коргардони филм, ҳунарпеша, филмноманавис
Ҷоизаҳо
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ — 1973
Ордени Ленин — 1967 Ордени Ленин — 1973 Ордени Ленин Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат — 1964
Ордени «Нишони Фахрӣ» — 1940 Ордени «Нишони Фахрӣ» — 1950 Медали ҷашнии «Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди Владимир Илич Ленин»
Медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»
Медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»
Артисти халқии СССР— 1959 Ҳунарпешаи халқии ҶШС Ӯзбекистон— 1955 Мукофоти Сталин — 1948

Комил Ёрматов (Ёрматов Комил Ёрматович; 2 май 1903[1], Конибодом, вилояти Фарғона[3]17 ноябр 1978 ё 24 ноябр 1978[2], Тошканд ё Маскав) — ҳунарпеша ва коргардони синамои тоҷик, дирижёр ва омӯзгор. Аз бунёдгузорони синамои миллии Тоҷикистон ба шумор меравад ва дар таъсису пешрафти синамои ӯзбек низ саҳми бориз дорад. Барандаи Мукофоти сталинӣ (1948). Асосгузори синамои ӯзбек ва тоҷик. Ҳунарпешаи халқии СССР (1959). Каҳрамони меҳнати сотсиалистӣ (1974).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Оғози таърихи кинои тоҷик бо фаъолияти Комил Ёрматов сахт алоқаманд аст. Ёрматов нахустин кинорежиссёри миллист. «Ҳуқуқи бошараф» (соли 1932) аввалин филми таҳиякардаи Ёрматов дар «Тоҷиккино» мебошад. Филми «Муҳоҷир» (соли 1934, коргардон Комил Ёрматов), барҷастатарин филми бадеии беовози тоҷик маҳсуб мешавад.

Дар филми «Муҳоҷир» нақши асосиро, ки Комил ном дорад, худи Комил Ёрматов ва завҷаи қаҳрамон — нақши асосии занонаро — аввалин ҳунарпешаи кинои тоҷик София Тӯйбоева бозӣ кардаанд.

Фаъолияти минбаъдаи эҷодии ӯ дар киностудияи «Ӯзбекфилм» сурат гирифт. Онҷо номбурда ба муваффақиятҳои азими эҷодӣ ноил гашт. Дар таърихи синамои советӣ ва бахусус синамои Осиёи Марказӣ Ёрматов ҳамчун устоди жанри таърихиву ҳолномасозии ашхоси барҷаста маъруф аст (филмҳои «Ибн Сино», «Алишер Навоиӣ»,"Нодирабегим" ва ғайра)

Комил Ёрматов барои мустаҳкам гаштани робитаҳои эҷодии кинематографистони Тоҷикистону Ӯзбекистон саҳми босазое гузоштааст. Дар филмҳое, ки ӯ дар «Ӯзбекфилм» ба навор гирифтааст, адибон ва актёрони тоҷик иштироки фаъолона доштанд: Сотим Улуғзода (муаллифи филмнома якҷоя бо В. Виткович), М. Орифов (нақши Ибни Сино), М. Қосимов, А. Бурҳонов ва Тӯҳфа Фозилова дар филми «Абу Али Ибн Сино»; С. Азаматова ва М. Тоҳирӣ дар филми «Вақте ки гулҳо мешукуфтанд»; Г. Завқибеков дар филми «Тӯфон дар Осиё»; Сайрам Исоева нақши асосӣ дар филми «Нодирабегим» («Танҳоӣ дар байни мардум»).

Комил Ёрматов ҳарчанд дар даҳаи 1930 қарни гузашта кори худро дар синемо дар Тоҷикистон оғоз кард, аммо дар даҳаи 1950 ба Узбекистон нақли макон карда ва дар онҷо раёсати Узбекфилмро бар уҳда гирифт. Комил Ёрматов соли 1978 даргузашт ва дар гӯристони Чиғатойи Ташкент ба хок супурда шуд. Дар соли 1979 киностудияи Узбекистон ба номи Комил Ёрматов гузошта шуд.

Комил Ёрматов дорандаи 3 ордени Ленин, ордени Парчами Сурхи Меҳнат, 2 ордени «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо, барандаи чандин ҷоизаҳои бонуфузи давлатӣ ва кинофестивалҳои байналмилалӣ мебошад.

  1. 1.0 1.1 Visuotinė lietuvių enciklopedija (лит.)
  2. 2.0 2.1 Library of Congress Authorities (ингл.)Library of Congress.
  3. 3.0 3.1 Ярматов Камиль Ярматович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  • Народные артисты СССР. В 2-х тт. / Авторы-составители М. В. Музалевский и В. Л. Иванов. — М.: РИЦ «Кавалер», 2007.