Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Конгресси Аврупо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Конгресси Аврупо ( англ. Congress of Europe ) — моҳи майи соли 1948 дар Гаага барпо гардид.

Дар конгресс қариб 800 нафар ходимони сиёсй, олимон, иқтисоддонон ва ҳуқуқшиносони аксарияти кишварҳои Аврупои Ғарбӣ иштирок доштанд; Уинстон Черчилл раиси фахрии конгресс буд.

Конгресс, ки аз ҷониби Дункан Сэндис ва Ҷозеф Ретингер ташкил карда шуд, намояндагони ақидаҳои гуногуни сиёсиро барои муҳокима кардани ғояҳои таҳкими ҳамкориҳои сиёсии Аврупо ҷамъ овард. Он дар таҳти васояти Кумитаи байналмилаиии ҳаракатҳои ягонагии Аврупо, ки баъдтар ба Ҳаракати аврупоӣ табдил ёфт, барпо гардид. [1] [2] [3]

Конгресс ба таъсиси "Ҳаракати Аврупо"-ро такон дод ва боиси таъсиси Шӯрои Аврупо ва эълони Хартияи Ҳуқуқи Башар гардид ; «Мурочиатнома ба аврупоиён»-ро қабул кард, ки дар он даъвати барпо намудани Аврупои ягона бо мубодилаи озоди афкор, одамон ва мол, бо ассамблеяи конунгузори умумиаврупоӣ ва суд даъват карда шудааст.

Бо вуҷуди ин, он ягон натиҷаи мушаххаси ҳамгироӣ надошт, бинобар ин онро пешгузаштаи Иттиҳоди Аврупо донистан душвор аст. Соли 1998 ба муносибати 50-солагии Конгресси Аврупо конгресси аврупоӣ баргузор гардид, ки он «Мурочиатномаи нав ба аврупоихо»-ро қабул кард.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. ↑ Joseph Retinger--memoirs of an eminence grise | WorldCat.org(англ.). search.worldcat.org. 15 июни 2025 санҷида шуд.
  2. ↑ Federal Union : the pioneers : a history of Federal Union | WorldCat.org(англ.). search.worldcat.org. 15 июни 2025 санҷида шуд.
  3. ↑ Lane, Thomas; Wolanski, Marian (2009). Poland and European Integration: The Ideas and Movements of Polish Exiles in the West, 1939–91 (in англисӣ). pp. 81–86. ISBN 978-0-2302-71784.