Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Конкибозӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Конкибозӣ
Тавсифот
Аввалин мусобиқот
Федератсияи байналмилалӣ
Лоиҳаҳои марбут
 Парвандаҳо дар Викианбор

Конкибозӣ (русӣ: Конькобежный спорт ё русӣ: скоростной бег на коньках) — намуди варзиш аст, ки дар он варзишгарон бояд дар рӯи ях бо истифода аз конки масофаи муайянро ҳарчи зудтар дар ҳалқаи пӯшида тай намоянд.

Ба ду бахш ҷудо мешавад: намуди классикӣ ва шорт-трек. Одатан зери истилоҳи «конкибозӣ» мусобиқаҳои классикӣ дар конкибозгоҳи 400-метра (овал) дар назар дошта мешаванд.

Конкибозӣ яке аз қадимтарин намудҳои варзиш ба шумор меравад. Қадимтарин ёдоварии вожаи «конёк» дар луғати англо-нидерландии соли 1648 сабт шудааст. Қадимтарин конкиҳои ёфтшуда ба киммериҳо тааллуқ дошта, беш аз 3200 сол пеш дар минтақаи Шимоли Баҳри Сиёҳ зиндагӣ мекарданд.

Аввалин мусобиқаи расман сабтшуда моҳи январи соли 1763 дар Британияи Кабир баргузор гардид. Ғолиб масофаи 15 милро дар 46 дақиқа тай намуд. Дар асри XIX ин варзиш босуръат рушд кард. Соли 1742 дар Эдинбург аввалин клуби конкибозӣ таъсис ёфт. Баъдан чунин клубҳо дар Лондон, Глазго, Филаделфия, Ню-Йорк, Тронхейм ва Санкт-Петербург ташкил шуданд. Соли 1879 дар Англия федератсияи миллӣ таъсис ёфт.

Соли 1889 дар Амстердам аввалин чемпионати ҷаҳон баргузор шуд. Ғолиб варзишгари рус Александр Паншин гардид. Соли 1892 Иттиҳоди байналмилалии конкибозон (ISU) таъсис ёфт, ки имрӯз беш аз 60 федератсияи миллиро муттаҳид мекунад. Аз соли 1936 чемпионатҳои ҷаҳон миёни занон низ баргузор мегарданд.

Аз соли 1996 чемпионатҳои ҷаҳон дар масофаҳои алоҳида баргузор мешаванд. Мусобиқаҳои Ҷоми ҷаҳон оид ба конкибозӣ аз мавсими 1985/1986 оғоз гардидаанд.

Конкибозӣ аз соли 1924 ба барномаи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дохил шуд. Аз соли 1960 мусобиқаҳо миёни занон низ баргузор мешаванд. Имрӯз барномаи олимпӣ масофаҳои 500, 1000, 1500, 3000, 5000 ва 10000 метрро дар бар мегирад.

Соли 1967 ISU зери ҳимояти худ шорт-трек-ро қабул кард. Чемпионатҳои ҷаҳон аз соли 1981 ва чемпионатҳои Аврупо аз соли 1997 баргузор мешаванд. Шорт-трек аз соли 1992 ба барномаи Олимпиада дохил гардид.

Рушди босуръати конкибозӣ бо сохтмони майдонҳои яхбандии сунъӣ алоқаманд аст. Соли 1959 дар Гётеборг аввалин чемпионати Аврупо дар яхбандии сунъӣ баргузор шуд. Солҳои 1985—1986 аввалин конкибозгоҳҳои пӯшида дар Берлин ва Херенвен кушода шуданд.

Таҷҳизоти варзишгарон низ такмил ёфт: костюмҳои махсус ва аз соли 1997 навъи нави конкиҳо — клап-скейт истифода мешаванд, ки ба баланд шудани суръат мусоидат мекунанд.

Ҳамчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Конькобежный спорт: Учебник для техникумов физической культуры.

Пайвандҳои беруна

[вироиш | вироиши манбаъ]